МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Баъде ки падараш хотирҷамъ гашта омад, Музаффар беихтиёр пурсид:
– Чӣ, додо, фаромўш кардед? Вай, охир, дар замонаш шуморо ба як халта гандум нахарида буд!
– Бани одам на некиро аз ёд мебарад, на бадиро...
– Пас чаро ба вай пул додед? Барои чӣ нагуфтед, ки пояшро дар ин ҳавлӣ намонад? Боз гавро фурўхтан мехоҳед...
– Осуда бош, писарам! Ба бад нек будан лозим. Зиндагӣ ҳамин... Чӣ гўям? Ту ҳоло бисёр чизҳоро намефаҳмӣ. Ба кушандаи падарат модаратро деҳ гуфтаанд. Асабӣ нашаву чой каш... ташнаам!
– Не, додо, ман ба ин хел махлуқи беимон ҳаргиз некӣ намекунам. Вай, охир, дузд аст! Агар дузд намебуд, дар анбораш камомад намеёфтанд.
– Рўи одамизод аз алав гармтар...
– Бало ба паси рўяш! Ҷинояткор бояд ҷазо бинад. Шумо имрўз ба як қаллоб мадад расонед, аз об хушк мебарояду фардо боз ҳамон ҳунарашро давом медиҳад. Беҳуда нагуфтаанд:
Бад аз навхати ҷоҳ бадтар шавад,
Чу гардад қавӣ, мор аждар шавад.
Музаффар, тавре ки ба кадом кори таъхирнопазир азм карда бошад, шитобон аз ҷой хест.
– Куҷо меравӣ? – дар ташвиш пурсид падар.
– Хонаи Хоҷамаст, додо... Намемонам, ки вай лаънатӣ ба арақи ҷабини мо рўи сиёҳашро шуста, сурх нишон дода гардад! – қатъӣ гуфт писар.
Насим-амак андешаманд ба торикии тарафи дарвоза менигарист. Лекин... ҳоло сабаб чӣ буд, ки наметавонист Музаффарро аз чунин иқдом боздорад.
1969
ТАСОДУФ
Мо дар автобус фақат ду нафар будем – ман ва ҳампаҳлуям... – марди тақрибан сӣ-сивудусола, ки гардани борикашро ба даруни гиребони каме чиркини худ кашида, гўё аз касе ё аз чизе хавф бурдаву хаёломез ғунча гардида…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор