МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва танҳо вақти офтобшинам баргашт. Музаффарро гирифта, хона омад; хару ҷуволи ҳамсояро оварда, хандон пурсид:
– Ҳавлии Хоҷа-амакатро медонӣ, писарам?
– Ҳа-а...
– Бисёр хуб, ана ин ҷонварро савор шуда, зуд ба раҳ даро.
Вай гандум медиҳад, бор карда мебиёрӣ.
…Музаффар дар манзили Сайфиддинов харро ба мехи дарвозахона баст. Ва қадре кебида, ба дарун қадам монд.
Дар назди айвон палос густурда, ба рўяш як тал гандум рехта буданд – мумкин онро шамол медоданд.
Музаффар фурсате рост истод. Ба ҳавлӣ даромадани ўро ҳеҷ кас пай намебурд. Ҳушаш банд, Сайфиддинов дар паҳлуи занаш ба диққат гандум тоза мекард.
Ниҳоят Музаффар пештар рафта, салом дод.
Сайфиддинов як қад парида, ба ақиб нигарист ва нохост ўро дида:
– Эъ, ин туӣ?.. Хайр, биё, – гуфт. Пас вазнин бархоста, пурсид: – Канӣ халтаат?
Музаффар тозон қафо гашта, аз пушти маркаб ҷуволро гирифта омад ва дудаста ба Сайфиддинов дароз кард.
– Эҳа, ҷувол-ку?!
Вай онро ба пеши пояш партофт.
Музаффар сар ба зер афканд.
– Чанд сўм овардӣ?
– Пул наовардаам.
– Барои чӣ?
– Охир… – лаб газид ў.
Сайфиддинов каме фикр карда, ба заҳрханд ҷуволро баргардонд.
– Ин тавр бошад, рафта ба додот расон: агар чорсаду панҷоҳ сўм фиристад, аз анбори калхоз ягон халта ҷав ёфта медиҳам. Гандум не... Хуб?.. Гўй, ки амакам ҳамин хел фармуданд... Бепул дода наметавонам. Наход вай худаш нафаҳмад!
Музаффар:
– Ха-айр, – гуфта, сўи дарвозахона мерафт, ки ногаҳон ба гўшаш овози зани Сайфиддинов нишаст:
– Ин чӣ берўӣ! Дар кафи даст як тин надоранду ибо накарда, ба хонаи мардум ҷувол бардошта меоянд. Дилакашон нони гандум хостааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор