МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ришаш расида, чеҳрааш тира метофт; лабонаш парсин баста буданд. Бозувони серрагупаяш дар офтоб сўхта, каме пўст партофтаанд. Ҳар ҷо-ҳар ҷои кафи даст ва зери нохунҳои бақувваташ захмин шудаанд. Сарулибоси аскарии ў, ки нахустин рўзи ба ин раҳ даромадани онҳо тозаву шинам буд, акнун ранги аслашро қариб гум кардааст. Тахтапушти куртааш аз арақи бадан шўра баста...
Аз рўбарў «ассалому алайкум» гуфтани касе падару писарро ба худ овард: як қадам дуртар аз онҳо мудири анбори калхоз Хоҷамаст меистод. Ду рухсори чун таки калўш парзадааш сурх буданд. Дандонҳои тахмин аз дуди тамоку зардашро намоиш дода, вай тунук механдид.
– Нағзед, ака? Ба омаданатон се-чор моҳ шудаасту ягон бор шуморо надидаам.
Хоҷамасту падари Музаффар мисли дўстони дерин ҳамдигарро канор гирифтанд.
– Худоро шукр, овораи кору бор... гаштаем.
– Зиндагӣ чӣ хел?
– Як навъ, додар... Асари ин ҷанг дар ду-се соли наздик барҳам намехўрдагӣ барин.
– Рафту аз ягон чиз танқисӣ кашед, бемалол фаҳмонед.
То тавонам, ёрӣ мерасонам.
Музаффар дар хотир дорад, ки ҳамон вақт падараш ҳатто ранг бохта, каме фикр карду баъд дудила:
– Кошкӣ як халта гандум ёфта медодӣ, – гуфт.
– Ҳеҷ қисса не, ака. Гандум ҳам кирои гап? Пагоҳ ин шербачаро хона фиристед. Худатон медонед, ки ба пул ёфт намешавад. Лекин барои шумо... ягон тадбир месозам.
– Барака ёб, додар!
Хоҷамаст поин рафту онҳо боло.
Падар акнун шод буд, сабук қадам мезад...
Он шаб Музаффар дар коза танҳо хобид: падараш об баста, то субҳ се-чор таноб юнучқаро шодоб кард.
Нисфи рўз Музаффар чой ҷўшонд.
Падар бастаи дирўз аз хона ҳамроҳ овардаашро кушод.
Дар он як каф ғўлингу чанд дона қурут буд. Онҳо хушу хурсанд чой нўшиданд. Сипас вай сари ўро маҳин як сила карда, дар ғами кори худ боз рў ба паҳнои боғ ниҳод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор