Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Истед, ки вай ба шумо кай ваъда кард?
– Як ҳафта пеш, боз дина...
– Хонаи падар рафта буд?
– Ҳа-а...
– Худаш? Хабаргирӣ?
– Не. Як ҳафта қабл аз ин мо дар Шаҳр тараддуди ба деҳа омадан доштем, ки суроғ карда, ба ҷои корам рафт. Ман аввал ўро нашинохтам. Охир... дар бадали ҳафт-ҳашт сол надидаам.
– Баъд гуфт, ки ман фалонӣ, дур бошем ҳам, хешатон?
– Бале.
– Вай хеши ҳама. Ба шарте ки кораш афтад, – боз хандид Зафарбек. – Хайр, давомашро гап занед.
– Давомаш... чун фаҳмид, ки мо ба деҳа омаданӣ, мошини нозанин дорам, ман худам шуморо мебарам гуфт. Дар ин ҳавои гарм ба автобус савор шуда, меҳмонатонро азоб надиҳед гуфт. Масофаи кам не, дусаду бист километр гуфт...
– Хуллас, ки овард.
– Ҳа, тамоми раҳ ниҳоят меҳрубон буд. Латифаҳои намакин гуфта, моро механдонд.
– Шайтони бекафшу маҳсӣ вай! Ба гап ҳам чунон ҷома мепўшонад, ки даҳани кас воз мемонад.
– Баъд ваъда кард, ки моро бозпас худаш ба Шаҳр мебарад; дар деҳа бемалол дам гирем; ба ҳурмати хешигарӣ, ҳамдеҳагӣ – хизмат аз вай.
– Бепул оварда буд?
– Тин нагирифтааст. Баръакс... меҳмон будааст гуфта, ба ин дўстам як корди нағз тўҳфа кард. Аз кордҳои таърифии Фарғона.
– Аҷаб-ку!
– Чияш аҷаб?
– Пас аз ин қадар меҳрубонӣ шуморо қариб дар сари раҳ монданаш.
– Эҳтимол ягон кору ҳол рўй дода бошад, ё мошинаш вайрон шуда бошад. Лекин хабар нарасондан...
– Ўро ҳеҷ бало назадааст. Вақте ки назди падаратон мерафтам, ман дида будам. Ба мошинаш тарафи марказ тоб мехўрд. Маркази ноҳия...

пешина
аз 551
навбатӣ