МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Наход! Охир, вай дина ҳам... бегоҳ, дар хона ҳамроҳи мо хеле нишаста, аз одаму олам сўҳбат карда, гап якта, саҳар ман худам шуморо бурда мемонам гуфта буд. Пас чӣ тавр...
– Надонам, – китф барҳам кашид Зафарбек ва ду-се дақиқа сукут варзида, чунон ки ба қароре омада бошад, ногаҳон пурсид:
– Вай дар Шаҳр аз шумо ягон илтимос карда буд?
– Не.
– Дирўз чӣ?
– Дирўз ҳам. Фақат... дар рафти сўҳбат гуфт, ки имсол нахустфарзандаш ба институт дохил шуданӣ. Агар тавонам, ба якта-нимта ёру ошноҳо гап зада, ба вай ёрӣ расонам.
– Шумо чӣ гуфтед?
– Гуфтам, ки ин хел корҳо аз дастам намеоянд. Аз дастам оянд ҳам, ман дар ин бора ба касе даҳан намекушоям. Писаратон... дар мактаб нағз хонда бошад, бе ҳеҷ восита худаш дохил мешавад. Умуман ин гуна давуғеҷ, яъне дарро монда, аз тиреза даромадан кори хуб не...
– Акнун фаҳмидам.
– Чиро?
– Сабаби ваъдахилофии ўро.
– Аммо ман нафаҳмидам.
– Сода будаед!
– Мумкин.
– Вай аслан дар ғами дохилшавии писараш ба ҷустуҷўи шумо меравад...
– Мумкин.
– Мумкин не, аниқ...
– Пас чаро дар ҳамон ҷо, дар Шаҳр, гапашро нагуфт? – сухани ўро бурида, дар ҳайрат пурсид Мансур.
– Чунки шумо нияти сафар доштед, ба деҳа меомадед.
Илтимосамро раҳораҳ... ё баъдтар, дар арафаи бозгашти онҳо... гўшрас мекунам гуфта, хушу хурсанд шуморо меораду дирўз, дар хонаатон, барҳадар рафтани хизматашро дониста, латтааш ба об меғалтад. Акнун фаҳмидед?
– Қариб... Лекин ташвиши писараш ба муносибати инсонӣ, ниҳоят ба ваъдаи ў чӣ дахл дорад?
– Дорад, барои ин қабил одамон дахл дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор