Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мансур аз вазъи дўсташ як андоза хурсанд шуд.
Вай инак мекўшид он беамалро, ки аввал барояшон гўё хизмат карда, аз Шаҳр ба деҳа оварду дар ниҳояти кор фиреб дод – ё шояд ягон ташвишаш баромада, хабар расонда натавонист, – фаромўш созад.
Бо вуҷуди ин дилаш хиҷил буд.
Дар як меҳру ихлоси мардона ба хотир меовард, ки ҳар дафъа, вақте аз паи ин ё он супориши идора ба Маскав мерафт, Андрей ё ягон рафиқи вай, агар бохабар бошанд, чӣ тавр ўро ба мошини худ ҳатман пешвоз мегирифтанд...
– Кӣ шуморо бурданӣ буд? – андак ба қафо тоб хўрда, ногаҳон пурсид Зафарбек.
– Фарқаш чӣ? – чун дар хонаи падар, аммо ин навбат мулоим гуфт Мансур.
– Дар ҳар сурат... фаҳмем. Ба тариқи ғайбат не, аз дари сўҳбат… Ҳамдеҳаи худамон будагист албатта?
– Ёфтед!
– Кӣ?
– Хаскаш.
– Ана-а! – ба оҳанги тамасхур хандид ў. – Шумо ба ҳамон чилдурўғ бовар кардед?
– Аз куҷо донам? Одам гуфтем, инсоф дорад гуфтем... Ба қавлаш устувор менамуд.
– Вай қавл надорад. Як чоплуси аз худо гашта. Дар деҳа ҳатто кўдак кӣ будани ўро медонаду шумо...
– Чӣ илоҷ, одамро шинохтан душвор.
– Лекин зарур!
– Рост... Фиреб хўрдем. Агар ин гуна ваъдахилофиашро медонистем, саҳари мардон дар маркази ноҳия ба автобус савор шуда, ҳоло нисф зиёди раҳамонро тай мекардем. Автобуси дуюм баъди пешин...
– Фаҳмидам, дўстатон ба Маскав билет доштааст; ба автобуси дуюм равед, дер мемонед. Дар ноҳияи мо, сабил, таксӣ ҳам нест. Аз ягон ҷо одам биёрад... доштан мумкин. Агар не, соатҳо дар сари кўча мошин поида мешинед.
– Ҳама гап дар ҳамин.

пешина
аз 551
навбатӣ