МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Моро то Шаҳр бурдан шарт не, – гуфт Мансур ба собиқ ҳамсояи падараш Зафарбек. – Аз ҳудуди ноҳия бароварда, то Раҳи калон расонед, кифоя. Ба он тарафаш автобус бисёр, таксӣ ҳам.
– Хуб...
– Ҳаққатонро медиҳем.
– Чӣ хел ҳаққам?
– Ҳаққи хизмат! Дар чунин гармо... барои сарфи бензин, сарфи вақт.
– Дар ин хусус ҳатто даҳан кушодан ба ману шумо намезебад, – гуфт Зафарбек, ки чашм аз раҳ наканда, ба эҳтиёт мошин меронд. Сипас хандида, илова намуд: – Шумо дар синну сол аз ман калон бошед ҳам, ба ҳар ҳол... дар як кўча тохта мегаштем, дар як деҳа ба воя расидем. Ғайр аз ин, агар инсон барои ҳар кори некаш пул ё чизи дигар талабад, одаму одамгарӣ куҷо мешавад!
– Бубахшед. Ман аз саҳар каме асабӣ будам, фикр накарда гуфтам. Нохост...
– Ҳеҷ гап не, вазъияти шуморо мефаҳмам; махсусан ки ин хел... аз ҷои дур меҳмон доред.
Вай хомўш монд.
Мошин баъзан такон хўрда, чархҳояш дар гузари шағалпўши байни деҳа ва маркази ноҳия баланд садо бароварда, дар як маром пеш мерафт.
Мансур низ сукут варзида, дар бораи худ ва дигарон фикр мекард; фикр мекард, ки рост, панҷ ангушт баробар не. Мисли ин одамон ҳам ҳар хел мешаванд. Яке ҳақгўй, дуюмӣ ваъдабоз, сеюмӣ бахил...
Аммо вай...
Аввало мардуми дурўғзанро бад мебинад. Ўро аз ҳама бештар фиреб ба ғазаб меорад; маҳз фиреб!
Гуноҳи худаш – зудбовар аст.
Дониста-надониста, ба касе бовар мекунаду баъд фиғонаш баромада, муддатҳо озурдахотир мегардад.
Мансур қадре ошуфта ба дўсташ нигарист. Вай аз воқиаи ин саҳар руйдода малул шудааст, ё не?
Вале Андрей... чеҳрааш равшан, ба манзараҳои қади раҳ – ба талу теппаҳои сўхта, ба кўҳҳои на чандон баланди дур аз онҳо қадафрохта лоқайд назар давонда, лабони каме ғафсаш моил ба табассум, орому осуда менишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор