Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чӣ тавр ба хонадони онҳо, чунон ки раҳматӣ бобояш мегуфт, чашми кадом бедиёнат расид...
– Ташна мондам.
– Чӣ? – як қад паридагӣ барин зуд сар бардошт Амон. – Нафаҳмидам.
Замон ба тарафи ў беҳол даст афшонд ва овозашро баландтар карда:
– Гуландом, – гўён набераашро ҷеғ зад.
Фурсате нагузашта, аз хонаи дигар як духтараки қадрас дар назди вай ҳозир шуд.
– Камтар чои хунук рез.
Духтарак аз чойники калони қирмизӣ, ки дар пеши Амон...
Дар рўи дастархон меистод,
Ба пиёла чой рехт. Ва баъде ки бобояш ташнагии худро шикаста, кунҷи лабони бехунашро пок карда:
– Ташаккур, духтарам, – гуфт, оҳиста аз хона баромад.
Амон як лаҳза ба кати бемор назар давонда, лаб ба сухан кушод:
– Агар медонистам, ки дилат чой мехоҳад, худам медодам. Нафаҳмондӣ…
– Ту?! – абру барҳам кашид Замон.
– Чӣ ту? – боз пилки чашмонаш пир-пир парида, бетоқат шуд Амон.
– Ҳамин ту ба ман чой медодӣ?
– Набошад чӣ?
– Ба ҷои чой заҳр медодӣ, заҳри зақум… Чой, а!
– Ман ба ту ҳайрон.
– Сабаб? – фавран ба ҷониби Амон рўй овард Замон.
– Сабабаш – як поят дар лаби гўру... аз бадгапиат намемонӣ, – ҷавоб гардонд Амон.
– Поям дар худи гўр бошад ҳам, ту барин душманамро ба шакар куштанӣ нестам.
– Бас будагист.
– Боз албатта… ман ба ту ҳеҷ бадӣ надорам мегуфтагистӣ?
– Мегўям! Чунки дар ҳақиқат ягон нияти ганда надоштам. То ҳоли ҳозир дилам соф. Ҳамаашро худат сар кардӣ.
– Хаёлат, ки ҷим шинам буд?

пешина
аз 551
навбатӣ