Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба чашмони чўкида, мўйлаби пахтавор сафеди тунук ва манаҳи тоза тарошидаи бемор нигарист Амон.
– Ҳеҷ чиз нашудааст, лекин... Вай аслан замини ту набуд!
– Медонам.
– Донӣ... барои чӣ аз даҳанат асал рехта, зўри дасту бозувонатро ин қадар тавсиф мекунӣ?
– Барои он ки аз замини раҳматӣ падарат як порааш баъди инқилоб замини ман шуду то метавонистам, арақи ҷабин рехтам.
– Чӣ, замини раҳматӣ падарам ба ман ҳам тааллуқ надошт?
– Инашро худат нағзтар медонӣ.
– Дошт, – гуфт дар оҳанги таассуф Замон ва ба ду ангушти ларзон нўки бинии дарозашро хорида, илова намуд: – Аммо дар коми ту шуд.
– Чӣ қадараш? – аз ў чашм наканда, бардурўғ пурсид Амон.
– Масхарабозӣ накун, – хаёлолуд гуфт Замон. – Кўдак нестӣ!
– Хайр...
Амон хомўш монд.
Замон ҳам дигар гап назад.
Акнун хона ғарқи сукунат шуда, чиқ-чиқи соате ки дар пеши тиреза меистод, гўё баландтар гардид.
Амон қашшоқиву пойлучиҳои худро ба ёд меовард. Ба хотир меовард, ки чӣ тавр бечора падараш корзада шуда, ба чил ҳам надаромада, оқибат аз дунё гузашт. Ва ў, Амон, дар он рўзи зимистон гириста-гириста, дар қатори панҷ-шаш марди савобҷўй... аз паи тобути падар дар чӣ азоби алим ба қабристони дур аз деҳа расид. Пас аз солҳо чӣ тавр ба гардиши айём соҳиби як миқдор замин шуд...
Хаёли Замон ҳам ба рўзҳои гузашта мерафт.
Вай фикр мекард, ки падараш дар ин музофот чӣ одами бадавлат ҳисоб меёфт! Ҳукмаш чӣ хел ба мардуми деҳа раво буд; чӣ хел онҳо аз оташи ғазабаш метарсиданд, шабу рўз дар хизматаш буданд. Ва ў, Замон, чӣ тавр дар сояи давлати падар хушу хурсанд давр меронд, аз ғами дунё парво надошт. Сипас амир гурехту...

пешина
аз 551
навбатӣ