МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Пас дилашон мехост ё не, онҳо ба ин расму оин гардан мефуроварданд. Махсусан солҳои охир, дар дами пирӣ...
Ҳавлии Амон дар пойгаҳи деҳа воқеъ буд.
Замон дар саргаҳи он зиндагӣ дошт. Ва ана, дар тўли умри дарозаш соҳиби духтару писар ва набераву абераҳои зиёде шуда, синнаш ба ҳаштоду панҷ расида, ниҳоят...
Се моҳ боз аз бистари беморӣ хеста наметавонад.
Амон аз ў калонтар – ба домани навад расидааст. Вай ҳам баъзан касал мешавад. Лекин...
– ...устухони ту сабук, – гуфт Замон. – Ту ҳоло бардам.
– Баландтар гап зан, – ба ҷониби ў саҳл гардан ёзонд Амон. – Нашунидам.
– Мегўям, ки гўшат кар бошад ҳам, ту ҳанўз бақувватӣ, бардамӣ.
– Албатта, устухони ман ба меҳнат шах шудааст, – ларзаи сарашро базўр нигоҳ дошта, ба овози баланд гуфт Амон.
– Мо чӣ, меҳнат накардаем?! – аз гапи ў қаҳраш омада, дар бистари худ як ҷунбид Замон.
– Не-е, ту ҳам меҳнат мекардӣ. Аммо баробари ман не...
– Замин муфт бошад, дунбаи гўсфанди парвоӣ барин фарбеҳ бошад, каланд задан осон... ҳатто роҳати ҷон!
– Боз каҳи қўҳнаро бод медиҳад ин, – даст ба риши сафедаш бурд Амон.
– Хайр, чӣ гўям дигар?
– Ҳеҷ чиз нагўй, фақат тан деҳ: мардона иқрор кун, ки ман ҳар чӣ ёфтам, аз зўри дасту бозувонам ёфтам, аз меҳнатам ёфтам.
– Зўри ҳамон дасту бозувонатро дар куҷо харҷ мекардӣ? – ба нешханд пеши даҳони Амонро гирифт Замон.
– Ба замини калхоз, ба замини худам... – пилки чашмони камбинаш пир-пир парида, гуфт дар ҷавоб Амон.
– Ту замини калхозро ба миён наандоз. Аз замини таки биниат гап зан, – рагҳои чаккааш бештар дамида, дастони лоғар ва кабудтобашро аз зери кўрпа баровард Замон.
– Ба замини ман чӣ шудааст?! – низ қаҳраш омада, рост ба гунаҳои заҳир...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор