МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Зан акнун аз раҳи регпўш ва об пошида, тоза рўфтаи таки дарахтони чанор ба қади дарё мерафт. Оҳиста ва гўё беҳушу беёд пой мемонд. Баъзан аз баробараш ду-ду, се-се...
Одамон мегузаштанд.
Сайру гашт доштанд одамон.
Вай онҳоро ҳам медид…
Ҳам намедид.
Бад-ин минвол хеле қадам зад. Раҳаш батадриҷ танг шуд, ноҳамвор шуд. Пас...
Кўр шуд!
Ва ў аз болои чимзор боз як муддат пеш рафта, дуртар аз ниҳолаки хушкидаи гелос қарор гирифт. Хилват буд он ҷо; ғайр аз хурўши дарё дигар садое ба гўш намерасид.
Ягон кас нест дар гирду атроф...
Зан рўи сабза нишаста, ба маҷрои пурталотум нигарист...
То чашмонашро об бурдан нигарист.
Сипас ангуштони дасти фишурдаашро кушода:
– Лекин ту ба он қадар худкомиҳо чӣ дорӣ имрўз дар бисотат? Аминам, ки ҳеҷ... – гуфт зери лаб ва мактубро оҳиста болои анбонча монду сарандози хушгулро аз бари китфаш гирифт.
...Шаб фаро расида, соат аз паи соат мегузашт. Аммо зан аз дарё берун намеомад.
Воқиан, шино карда ҳам наметавонист зан!
Бодаки серуни соҳил як пора коғази ғиҷимро дар миёни анбончаи сурху кафши сиёҳи оҳараш нашикастаи ў хиширхишир бозӣ медоронд.
1986
ДУШМАНОН
Соате боз ин ду нафар дар хонаи хурди озода ва аз чароғи барқ равшан батамкин сўҳбат доштанд. Ҳар ду ҳам пир
буданд. Яке дар болои кати симин мехобид, дигаре дуртар
аз вай... ба рўи се қабат кўрпачаи таки девор менишаст. Номи
яке Замон, номи дуюмӣ Амон... Агарчи солҳо инҷониб, аз худи айёми ҷавонӣ, ба ҳам душмани қаттол буданд, расми деҳа, умуман одамгарӣ тақозо мекард – ҳангоми беморӣ, мусибат ва ғайра нохушӣ аз ҳоли якдигар хабардор бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор