МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Мактуб аз хоҳари собиқ шавҳараш буд.
Аз хоҳари ҳамон шавҳараш, ки бист сол муқаддам ба ризоят ва ҳатто исрори ў... писарчаи сесолаашонро ҳамроҳ гирифта, рўи ифлосатро дубора набинам гуфта, ба як шаҳри дур кўчида рафт. Ва зан танҳо монда, аз чунин танҳоӣ шодӣ карда, худро комилан ба айшу нўш бахшид. Дар хонаи вай қариб ҳар шаб каси дилхоҳаш буд…
Май буд, суруду мусиқӣ буд, рақсу бозӣ буд.
«Акнун ҳеҷ чиз надорам ман, рост гуфтааст хоҳараш, – он мактубро дар кафи даст фишурд зан. – Аслан ҳам чизе надоштам... Сазои сари бемағзам!»
Дар ин дақиқаҳои тезгузар низ, чун рўзҳои охир, фақат як ормон ўро сахт ба шиканҷа мегирифт, – ба дидори писараш мехост расидан. Бигузор лаҳзае... Чӣ хел шуда бошад вай? Бист сол боз надидааст.
Бист сол...
– Нозанин дар ин ҷо нишастаасту мо ташналабон мегардем.
Зан каме ларзида, сар бардошт.
– Зиқ метобӣ? – даҳонаш то баногўш ёзида, хандон гуфт мард. Пас ҷуссаи вазнинашро дар паҳлуи ў ба харак партофт. – Се сол мешавад, ки туро надидаам. Хубӣ?
– Бихез...
– Чӣ?! Ё нашинохтӣ маро?
– ...Рав ба раҳат.
Мард мутаҳайир ба чеҳраи вай назар давонда, ҳамчунон ба ханда гуфт:
– Медонам, ту баринҳо сернозанд.
– Палид...
– Худат чӣ?
Зан тохта аз ҷой хесту доман афшонда, шитобон рў ба ҷониби соҳил овард.
– Нозанин, ман ба ту гап дорам. Ист, охир... – гуфт аз қафо мард.
Аммо зан наистод ва дар ситез қадам монда, нафастанг то лаби дарё расид.
Офтоб ғуруб мекард.
Аз чойхонаи барҳавои соҳил ба атроф садои мусиқӣ паҳн мегардид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор