МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Нигоҳаш карахт… зан дар пеши тиреза истод-истоду либоси тоза пўшида, дар даст сумкачаи базеб, кўча баромад.
Ва савори автобус то маркази шаҳр расид. Беихтиёр ба чанд магазин сар халонда, пас дар беҳтарин кинотеатр паиҳам ду филм тамошо кард. Яке ҳаёти мураккаби кадом оилаи ҷавонро ба тасвир мекашид, дигаре мазҳакаи сервоқиа ва моломол аз мусиқӣ буд.
Зан аз ду филм ҳам қариб чизе нафаҳмида, ба хотири парешон раҳи Боғи истироҳатро пеш гирифт.
...Инак дар гўшаш садои якнавохти дарё, вай гўё шах шуда, ҳеҷ наҷунбида, дар зери чанори азиме ба рўи харак менишаст; ғарқи хаёл буд. Ҳисоби вақт барояш вуҷуд ки надошт, дар ин боғи орому салқин кай боз нишастааст, – пок намедонист. Нигоҳи беифодааш дар банди як пора осмони кабуд, Осмони дур…
Зан ҳатто одамони дар рафтуоро намедид, шарфаи поймониву овозашонро ҳам гўё намешунид.
Ниҳоят ў як ҷунбида, аз дуродур, аз пораи осмони сари дарахтон, Дарахтони соҳили дигари дарё...
Оҳиста чашм канда, даст ба анбончааш бурд. Ва аз он мактуберо берун оварда, ба хондан шурўъ намуд. Дар охири мактуб чунин сатрҳо буданд: «...субҳи содиқ гузашт аз дунё додари меҳрубонам. Азбаски дўстат медошт, ту нопокро тамоми умр аз ёд набурда, сарашро дубора ҷуфт ҳам накарда, дар панҷаи дарду алами зиёд рафт ба дори бақо. Ҳоло таскини дили афгори ман ин аст, ки дар ҳар сурат номи нек монд аз ў, писари бамаънӣ монд, гул барин набера монд. Лекин ту ба он қадар худкомиҳо чӣ дорӣ имрўз дар бисотат? Аминам, ки ҳеҷ...» Дар бадали беш аз як моҳ ин сатрҳоро маротибаи чандум мехонад, – зан намедонист. Бале... вай фақат ҳаминашро медонист, ки зуд-зуд ба онҳо чашм давонда, гўё саропо дармегирифт, сўхта хокистар мешуд.
Ва оби дидааш шашқатор, ба худ қатъӣ мегуфт: дигар намехонам!
Вале боз...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор