Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Надонам, – нигоҳашро аз ў гурезонда, маҳзун гуфт Амон.
– Оқибати дунёро наандешида, ба замини ман муфт соҳиб шудӣ...
– Вай замини ту набуд, – сухани Замонро бурида, аз нав ба рўяш нигарист Амон.
– Аз кӣ буд? – нешханд кард Замон.
– Аз падарат.
– Аз падарам ки бошад, ба ман мерос мемонд.
– Беҳуда худатро азоб надеҳ...
– Аз гап нагурез!
– О ту чаро ин қадар ба ман мечаспӣ?
– Барои он ки гуноҳатро ба гардан намегирӣ.
– Ман гуноҳ надорам.
– Аз ёдат рафт? Падарат хизматгори падарам буд. Устухони худат ҳам ба меҳнат не, ба нони мо шах шуд. Лекин инқилоб омаду дар намакдон туф кардӣ. Дар пеши гушнапурзўрҳо дум ликонда, аз хурсандӣ бача барин дар эзорат сар дода, зуд ба замини мо даромадӣ; давр акнун даври ман гуфта, гулу райҳон коридӣ.
– Замини шуморо пора-пора... ба бисёр камбағалҳо дода буданд. Ҳоло ҳам ана… нисф зиёдаш дар ихтиёри калхоз.
Лекин ту фақат ба ман заҳр мезанӣ. Шаст сол қабл аз ин-ку дар кўҳи Фарҳод ба сўям тир андохта, қариб кушта будӣ.
Баъд ҳам чандин бор ба ҷонам қасд кардӣ. Боз чӣ мехоҳӣ?
– Калхоз, камбағалҳо... дарду бало гуфта, сари маро мўл гаранг накун. Ҳа-а, калхоз ба раҳи худаш, камбағалҳои мегуфтагиат ҳам... Алами ман аз дигар чиз.
– Шунавем, канӣ...
– Чанд бор мешунавӣ? Ба ту хапгир чӣ қадар фаҳмонам, ки дигарон ба ҳар ҳол хизматгори дари хонаи падарам набуданд; бегона буданд. Аз онҳо гила кардан беақлӣ. Ғайр аз ин... аксарият оҳиста-оҳиста мурданд. Аммо ту...
– Чӣ, ман пештар мурам буд? Аз безаминӣ мурам буд?!
– Безамин монда, сад бор мурӣ ҳам, ба қадри нону намаки мо расида, ин замин ба ман лозим не гўӣ, ягон кас туро зада намекушт. Ман ҳам то имрўз аз ту домангир намешудам. Ҳар дуямон, охир, чун бародарони ризоӣ будем; айёми кўдакӣ дар як ҳавлӣ бозӣ карда мегаштем.

пешина
аз 551
навбатӣ