Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– чойникро пештар кашида, ба худаш чой мерезад Нозилҷон.
– Хунук нашудааст?
– Ширгарм, айни муддао...
– Пас гўш фаро деҳ, – аз сари нав ба лўлаболин такя меандозад Ҳотамбак. Ва як сурфидаву гулў равшан карда, носкадуи нуқракўб дар даст, ниҳоят ба қиссаи ҷадди худ мегузарад, ки замоне паҳлавони номвар буда, дар човандозӣ низ шўҳрати босазо доштааст. – Бобову бобокалонҳои мо, пушт ба пушт мардуми хокпош, ризқу рўзиашонро аз раҳи деҳоқонӣ меёфтаанд. Ба мисли ин бандаи гаправ.
– Бобоят якрав, худат гаправ... – бино монда, нохост ба забон меорад Нозилҷон.
– Ту ҳам дар тамасхур устухон надорӣ, а! – офтоби аз пушти абр берун ҷастагӣ барин филҳол чеҳрааш кушода шуда, дар табассуми фарох ба чашмони мешии дўсти бачагиаш менигарад Ҳотамбек. Баъд хушнуд идома медиҳад: – Хўш ки бошад, илоҳӣ фардо пули сиротро дав-давон гузашта, аз пешгаҳи ҷаннат ҷой ёбад, раҳматӣ падар баъзан ҳикоят мекард, ки вақте қиблагоҳаш, яъне бобои ман... ба воя мерасад ва гоҳо гўштин гирифта, гоҳи дигар ба аспи як касним каси доро буз кашида, дар гирду атроф кам-кам ном мебарорад, рўзе... шояд ба хости худо аз қади раҳаш анбоне меёбад хурдакак, аз чарми пухтаи ҷигарранг, даҳанаш маҳкам бастагӣ. Аслан ў дар кадом ҷои дур корафтода шуда, ҳамон ҳин харсавор меомадааст, тани танҳо... Бобои мо аввал ҳайрон мемонад – дар он қарибиҳо касе нест, ки ҳақиқати ҳолро баён дорад. Зеро ин ҳатман аз ягон раҳгузар, аз ягон одами сафаракӣ. Ҳар кӣ ҳам бошад, худаш бехабар, яқин аз улоғаш ғалтондааст бандаи бепарво. Аслашро боз худо медонад... Ба чунин андеша пас анбончаро оҳиста кушода мебинад, ки эҳа-аа-а! – дарунаш пур аз ашёи гаронбаҳо: ханҷари бағилофи дастааш мурассаъ, чанд қуфлаки гиребону гарданбанди беҳамто, ҷуфт-ҷуфт гўшвораву ангуштаринҳои банигин, се адад соғараки заррин, чор-панҷ шадда марвориду марҷони сурх, шаш-ҳафт сархораву ҳатто як дона хилоли низ тиллоӣ, ба илова расо сад ашрафии аъло! Ҷўраи ҷони ман бошӣ, акнун ёбу гир...

пешина
аз 551
навбатӣ