МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Пас вай ба кадом муҷиб дар пеши дўсташ ваъдахилоф шуд? Ба ташвиши зиндагӣ, ба фаромўшхотирӣ, балки аз беэътиборӣ? Ҳар чӣ ҳам бошад, мусаллам аст, ки ў, Нозилҷон, худаш бехабар, эҳтимол оби дари хонаро беқадр медонист.
Мазмун – ба нафаси зодгоҳаш, ба пасту баланди рўзгори мардуми он, ба гуна-гуна воқеоти ин гирду гўша хеле кам аҳамият медод. Ба пиндораш мавзўъҳои навиштанӣ бояд дар ҷойҳои дигар, дар миёни одамони ғайр, дар муҳити обу хоки ноошно тавлид меёфтанд. Бале, рост гуфтаанд, рост – яқин аз худи рўзи азал қадр надорад оби дари хона, бегумон тира метобад он...
– Чӣ фикр мекунӣ?
– Ман ҳам аз ту инро пурсиданӣ будам, – мулоҳизааш қатъ гардида, ба Ҳотамбек чашм медўзад Нозилҷон.
– Зуд-зуд дареғ мехўрам, ки рўи бобоямро надидаам, – каме мағмум мегўяд вай. – Аҷаб бераҳм аст фалаки ҷомакабуд.
– Аз кори фалак ё не, таърихи дуру дарози инсоният хунрезиҳои шадидро низ дар бар мегирад. Ман гоҳо фикр мекунам... онҳое ки гўё дар дирўза ҷанг ба фашистон ҳалок шуданд, ҳама қаҳрамон буданд.
– Дар муҳорибаи Сталинград ҷон медиҳад бобои банда.
Як марди расо чилсола...
– Медонам, аз раҳматӣ падарам шунидаам.
– Одами бисёр нотарс, лекин ба ҳақиқати ҳол тандеҳ будааст ў. Дар човандозӣ, гўштин, лозим ояд, ҳатто дар занозанӣ ҳамто надоштааст.
– Боз падарам мегуфт, ки ба шарофати амаки Талбак номаш ноҳаққӣ дар ин музофот ками дар кам рўй медод.
– Бале, ягона фарзанди падару модар будааст бобои ман.
Талбида будааст...
– Чӣ илоҷ, дар он солҳо ҷанги Олмон тану ҷони миллионҳо нафарро ба коми бетаки худ фурў бурд. Гўё хушку тар баробар месўхтанд.
– Ҳамин тавр – месўхтанд, хокистар мешуданд... – хаёлолуд манаҳ мехорад Ҳотамбек. – Мегўянд... одами беҳад якрав будааст Талбак-човандоз, аз дами шамшер ҳам руй намегардондааст.
– Якрав набошад, дар вуҷудаш зўъмӣ боло нагирад, оё чанд шабонарўз аз паи Иброҳимбек барин саркардаи бедод мегашт?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор