МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Дар вақташ қавл дода, қиссаи ин носкадуро кӣ навиштан мехост?
– Ман албатта...
– Ниҳоят, бобои маро кӣ машҳур карданӣ буд?
– Боз ҳам ман.
– Пас сабаб чист, ки наменависӣ? – он кадучаи зебо дар кафи даст, оринҷашро хандон аз лўлаболин канда, чорзону мезанад Ҳотамбек.
– Ҳоло фурсаташ нарасидааст, – мулоим мегўяд Нозилҷон.
– Ба ҳикоя карданам ягон даҳ сол шудагист...
– Шояд, лекин тафсилоташро нағз дар хотир надорам.
Мавридаш ояд, як бори дигар аз худат пурсиданӣ будам.
– Пурс, охир! – баланд механдад Ҳотамбек. – Ё ҳанўз вақту соаташ не?
– Чаро? – андак хиҷил мешавад Нозилҷон. – Бемалол бошад, камтар ба ёдам меовардӣ...
– Агар сидқан шунидан хоҳӣ, ман он қиссаро, ҷўраҷон, камтар не, пурра нақл мекунам.
– Кошкӣ...
– Ба шарте ки ваъдагиатро зудтар менависӣ.
– Гап якта – худо хоҳад, ин дафъа аз ёд намебарам, – диққаташро аз таҳти дил ҷамъ меорад Нозилҷон.
– Хуб, одаму лафз гуфтаанд, – ҷиддан даст ба дўсти бачагии худ медиҳад Ҳотамбек.
Баъд чор ҳадди хонаро хаёлманд аз назар гузаронда, муддате сукут меварзад. Ҳатто як қадар парешон метобад. Нозилҷон гоҳ-гоҳ ба чеҳраи инак саҳле тирафоми ў нигариста, ботинан худро маломат мекунад, ки воқиан ҳам чаро он ҳодисаи вобаста ба бобои рафиқи шафиқашро сари вақт ба қалам наовард. Охир, аз айёми кўдакӣ онҳо ғалтидаву хеста, баъзан аз фарти беақлӣ гиребони ҳамдигарро канда, вале бо вуҷуди ин ҳаргиз кина нагирифта, гўё баногоҳ якҷоя калон шуданд. Мактаби деҳаро низ ҳар ду дар як рўз ба итмом расонданд. Хулоса, дўстии онҳо бе ҳеҷ аҳду паймон, бе махсус зиёфату ҷомапўшонӣ, бе ғаразу тамаъ, аммо бисёр гарм ва ҳамвор идома дорад. Инчунин бояд иқрор кард, ки Нозилҷон ба инсонгарии Ҳотамбек, ба хайрхоҳиву хуштабиатӣ, ниҳоят ба дили софу лафзи поки ў пайваста эҳтиром мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор