МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Дар муддате ки ҳамдигарро надидаем, чиҳо навиштӣ?
– Ба ин суоли ҳарина, ҷаноби бемор, банда кайҳо ҷавоб додам, – мегўяд Нозилҷон.
– Яъне кам-кам менависӣ? Ҳоло дар дег, ҳоло ба кафлес наомадааст?
– Ҳамин тавр. Садқаи аҳли фаҳм шавам...
– Хайр, аз нияту нақшаҳоят гап зан.
– Чӣ гап занам? – ҷиддӣ мепурсад Нозилҷон. – Хирадманде фармудааст, ки худоро хандондан хоҳӣ, дар пеши вай минбаъда нақшаи худро ба забон биёр.
– Таслим! – мегўяд Ҳотамбек, пас аз лаҳзае дандон сафед карда.
– Мағзи ин ҳикматро албатта дуруст фаҳмидӣ?
– То ҷое пай бурдам, ки мазмун... бача дар сафар бошад, номашро Музаффар намегузоранд.
– Дониста мон...
Ҳотамбек акнун ба сухани дўсти худ қариб эътибор надода, аз таки кўрпача як носкадуи хушранги ҳалқа-ҳалқа нуқракўбро, ки ба назар хеле ҷаззоб менамуд, оҳиста берун меорад. Баъд онро дар партави чароғи шифт фурсате тоб додаву тамошо карда, ба сари зонуяш тиқ-тиқ мекўбад. Гўё нос кашидан мехоҳад. Вале аз чӣ бошад, чунон ки Нозилҷон интизор буд, даҳони шилшиладори он кадучаи зеборо накушода, ногаҳон ба лўлаболин такя мезанад. Пас ба дўсташ як чашм давонда, боз ба носкаду менигарад. Гашта ба дўсташ...
Хомўш аст Ҳотамбек, хаёлманд аст. Ба назар чунин метобад, ки ҳушу ёди ў дар дуриҳои дур парвоз доранд. Ниҳоят собунаки пояш аз сари нав тиқ-тиқ садо медиҳад. Маълум нест, ки вай нос кашиданист, ё он мояи ифтихори худро намоиш дода, ҳамин тавр бозӣ кардан мехоҳад.
– Шинохтӣ, а? – оқибат мепурсад Ҳотамбек.
– Албатта, нишона аз бобои човандозат, – дарҳол ҷавоб мегардонад Нозилҷон. – Инро кӣ намедонад?!
– Аммо ту фаромўш кардаӣ.
– Чӣ хел? Шинохтам-ку...
– Ман гуфтаниам, ки ба ваъдаат устувор набудаӣ.
– Боз кадом ваъда?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор