Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунки нағз медонанд – як инсони ҳақталошӣ, дасткушодӣ, дилу ниятат покиза, чашмат ҳалол, ба ёру ошно садоқат дорӣ, муҳимбарорӣ. Боре нашудааст, ки аз қавлат гашта бошӣ; ҳаққи ягон бева ё бечораро ҳам нахўрдаӣ, ба амонат хиёнат накардаӣ. Дар ҳар сурат мардум инро на дидаанд, на шунидаанд. Аз ҷумла худи ман... Боз чӣ лозим ба як марди мусулмон!
– Мо ҳамин хел одам гуфта, ҷор занам?
– Не, ту ҷор назан. Ту саломатиатро эҳтиёт кун.
– Дар ин дунё худои карим ҳар чӣ фармуда бошад, ҳамонро мебинӣ.
– Вай арақ нўш нагуфтааст-ку...
– Исматулло мегўяд, – маҷбур механдад Ҳотамбек. – Дигар улфатҳо мегўянд... Онҳо чӣ қадар шилқинанд, худат нағз медонӣ.
– Бо вуҷуди ин нанўш, – аз гапаш намегардад Нозилҷон. – Як-ду сол гузаштан баъд мефаҳмӣ, ки эшон то кадом андоза ба ту садоқат доранд. Яъне вай дигар намегирад гуфта, пояшонро аз дари хонаат кананд, ё аввала барин туро ба дастархони худ даъват накунанд, пас бешубҳа дўстони хасакӣ будаанд.
– Ҳар кор шуданаш мумкин...
– Мумкин ҳам гап! Ин дарсе ки аз қазо гирифтӣ, бояд якумр ба ту кифоя бошад. Аслан чӣ фоида аз ошнобозии барзиёд?!
– Лекин рост мегўӣ, – андак ба хаёл меравад Ҳотамбек.
– Ақалан оқибати шаш фарзандатро фикр кун. Ҳоло аксарияти онҳо хурданд, мактабхонанд...
– Бале, – калла меҷунбонад ў. – Баракат ёбад устодашон Исматулло. Чӣ будани забону адабиётро мефаҳмонад бачамард...
– Худо нагирад ҷони ин хел муаллимро! Аз раҳаш нагашт, ки нагашт.
– Арақхўриашро дар назар дорӣ?
– Агар не, боз чиро?! Ба он лабу даҳан намедонам вай ба хонандаҳо аз чӣ дарс медода бошад... Балки шарму ҳаё чист, умуман фаромўш кардааст?
– Биё, мон, – як дам сар мехорад Ҳотамбек. – Нағзаш, аз худат пурсам.

пешина
аз 551
навбатӣ