Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ту фақат аз хўрдан меёбӣ, – беихтиёр гап мепартояд Нозилҷон.
– Чӣ хел? – мутаҳайир ба вай чашм медўзад Ҳотамбек.
– Лақаби аввалаат ҳам ҳосили баднафсӣ буд. Ё фаромўш кардӣ?
– Мани сода он вақт аз куҷо медонистам, ки Исматулло, ҷўраи ҷонамон, як карсон атолаи махсус сўзонро оварда, барқасд дар пешам мондааст! Ба хизмат тўҳмат...
– Охир, дилам дами гарм мехоҳад гуфта, ҳамаро безор карда будӣ.
– Хайр, чӣ? Аз саҳар дар рўи ҳавлиаш каланд заниву вай ақалан дегашро натафсонад, мебоист ҷим истӣ?!
– Не албатта! Одам фақат ҷим истад, дигар ба чӣ раҳ лақаб мегирад?
– Лекин рост. Баъде ки он атолаи сабилро, бехабар аз найранги шумо, осема дам кашида, дилу ҷигарамро муфт сўзондам, ба ҷои раҳм маро дар як муддати кўтоҳ ба Дами Гарм машҳур кардед. Гўё таҳтан ном надошта бошам, омада-омада... дар ин сину сол ана, Катарин ҳам шудам.
– Ғам нахўр... – пушти сар мехорад Нозилҷон.
– Ман ғам нахўрдаам, – ҷиддӣ мегўяд дўсти бачагии ў. – Бигузор номамро нагиранд. Ҳаргиз... Ниҳоят чӣ фарқ дорад, ки банда Ҳотамбекам ё Катарин?!
– Ҳар кӣ бошӣ, ту бе ягон муҳобот одами хубӣ, ҷўраҷон.
Чӣ тавре дар ёдам мондааст, аз худи овони кўдакиат баинсоф будӣ. Яъне модарзод... Худои карим ҳам маҳз инро яқин ба назар гирифта, умри дубора додааст ба ту. Эҳтиёт шав акнун. Воқиан, духтурҳо чӣ мегўянд – нўшидан мумкин ё...
– Манъ карда буданд.
– Аммо ту эътибор намедиҳӣ?
– Чаро? Фақат гоҳ-гоҳ... аз ҳисоби дўстони беғараз...
– Аз ҳисоби Афлотун бошад ҳам, дигар нанўш. Тамоман...
Кӣ медонад, боз нохост ба ягон фалокат печида, мабодо чандинсола номи некатро бой диҳӣ. Олами ҳодис гуфтаанд.
– Номи нек, а! – бепарво даст меафшонад Ҳотамбек.
– Ношукрӣ накун, – ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ мегирад Нозилҷон. – Мардум ба ту эҳтироми зиёд доранд. Хурду калон...

пешина
аз 551
навбатӣ