МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Мазмун – янгаат ба мадади хешу табор аз ҳар ҷиҳат барои гўрондани соҳиби сараш тайёр шудааст. Сад фоиз... То даме як зарра мадор ёфта, ба имову ишора нафаҳмондам, ки бас кунед акнун, ҳай ёсин мехонданд. Овози борики мулло беҳад хунук мерасид ба гўшам. Мурдан намехостам, охир! Умуман аҷоиб буд бемории акаат, харро хандаву бузро гиря буд, саропо як масхара буд, мазоҳ буд... Ҳама – чи аҳли оила, чи ёру рафиқ, чи духтур, чи хоҳари шафқат ё фаррош... – хуллас, лозим донанд, ҳудаву беҳуда ҳама гап мезаданду ман не. Чунки ҳатто лаб кушода наметавонистам, гунг будам, тароша барин шах будам. Дигар бўи умед нест, – мегуфт яке, хости худо, – мегуфт дуюмӣ, ба сабру тоқат даъват менамуд сеюмӣ... Онҳоро шунида-шунида, маро асосан хоб мебурд. Вақти бедорӣ медидам, ки зуд-зуд тирезаро кушода мемонанд. Ва палата пури магас мешуд. Янгаат, берўзӣ, даҳану биниашро ҳар замон ба рўймолча маҳкам карда, дар сари болинам музтар менишаст.
– Шояд аз бўи доруву дармон... – суоломез ба Ҳотамбек менигарад Нозилҷон.
– Э не-е-е... Аз бўи катарин!
– Чӣ тавр? Оё баъди чанд рўз ҳам... – гаранг мемонад вай.
– Бале, – дар виқор калла меҷунбонад Ҳотамбек. – Аз ҳар нафасам меомад сабил. Агарчи духтурҳо гаштаву баргашта дарунамро шустаанд, он бўи бад як ҳафта зиёдтар аз даҳану биниам берун шуда, номаш магасро қир мекард. Ба чашми худ медидам, ки ҷонварҳо аввал дар ҳавои палата каме пар зада, баъд чӣ хел сарозер меғалтанд. Рафту ба ман наздик шаванд, ё ба ягон ҷои рўям ё дастам шинанд, тамом – филҳол меғелиданд. Саидвалӣ хандон мегуфт, ки ба шарофати катарини ту аз шилки магас дигар парво надорем...
Ҳамин тавр, беш аз бист рўз дар беморхона дароз хоб кардам. Аммо ҳанўз ҷавоб нашуда, тамоми ноҳия аз қиссаи ман дарак ёфтааст. Майлат, инашро як дарди бахайр медонем.
Аз ҳама бадаш, табибони ҳозиқи мо ҳар чӣ фармоянд, янгаат бебаркаш сарф карда, ба сари чорсад долларе ки алалэҳтиёт дар хона нигоҳ медоштам, ҳалолу покиза об рехтааст.
Дар ниҳояти кор ҳам бепул мондем, ҳам саломатиамро бой дода, дар байни мардум аҷаб афсона шудам. Акнун ҳатто кўдаки қади раҳ маро амаки Катарин мегўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор