Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Се-чор рўзи аввалро тамоман дар хотир надорам. Баъд кам-кам дарёфтам, ки ҳанўз ҷони зиндаам. Чӣ хел аз кали Анвар катарин харидам, чӣ хел дар пеши магазинамон дар ҳузури Исматулло арақ хўрдам, чӣ хел дар сари замин ба Саидвалӣ дучор омада, қаҳролуд даст ба зарфи пур аз чой бурдам... низ тадриҷан пора-пора ба ёдам расид. Гоҳо чашмонам кушода буданд, лекин гап зада наметавонистам, мадори ҷунбидан ҳам надоштам. Дар конаки биниам рўдаи борик, ҳозирон чӣ мегўянд, – баръало мешунидам, идрок мекардам, аммо худам гунг будам. Зуд-зуд гўшҳоям ҳуштак кашида, хаёлам, ки аз тазйиқи дард косахонаи сарам метаркид. Бо вуҷуди ин зўр зада, мехостам аз ягон чиз бехабар намонам, дар айни замон фаҳмонам, ки ман зиндаам, умедашонро накананд – дилам, охир, бақувват! Духтур ҳам возеҳ гуфт-ку: дилаш агар тоб оварда тавонад, зинда мемонад, дар акси ҳол... афсўс, мо дигар илоҷ надорем. Чунин буд хулосаи духтур. Яъне ин тарафаш аз худам вобаста. Пас тоб меорад дили ман! Худо хоҳад, ба ҳар бало тоб меорад...
– Офарин! – беихтиёр хитоб мекунад Нозилҷон. – Ту ҳамеша сахтҷон будӣ. Ҳатто аз баландтарин дарахт афтида, ҳеҷ воқиа рўй надодагӣ барин тохта ба по мехестӣ. Аслан аз ту ҳаракат, аз ман баракат гуфтаанд. Часпу талошатро дида, худои карим яқин раҳматро хўрдааст. Вагарна имрўз мо, ҷўраҳо, бе ҳазлу шўхиҳои ту чӣ кор мекардем!
– Илоҷатонро меёфтед. Дар ин дунёи пурғавғо ҷои ягон кас холӣ намондааст.
– Ба ҳар ҳол...
– Бисёр тахмин назада, давоми қиссаро шунав.
– Ба чашм!
– Ана ҳамин хел хушомад карда ист, – қаноатманд мегўяд Ҳотамбек ва як сурфида, ҳикояташро идома медиҳад: – Ҳангоме камтар ба ҳуш омада, нахустин бор пай бурдам, ки банда ҳоло зиндаам, нохост ба гўшам сураи ёсин расид. Чашмонамро базўр нимкоф карда, дуртар аз худ хира-хира як шабаҳро дидам – яқин аз доираи ҳамон сиёҳӣ меомад овоз.
Аҳволам бисёр бад будааст, ки бечораҳо мулло овардаанд, – омехта ба ноумедии шадид аз дил гузарондам ман.
Баъд фаҳмам, дар воқеъ мемурад гуфта, хонаро ҳам ба тартиб андохтаанд.

пешина
аз 551
навбатӣ