Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нохост ин аҳволро дида, бачаҳо аввал сахт метарсанд. Пас ана... ба гиряву нола медароянд. Янгаат рўю мўй канда, гумон мебарад, ки тамом, мурдааст соҳиби сараш. Охир, латта будаам, беҳушу беёд... Саидвалӣ дар як азоби алим ба вай мефаҳмонад, ки бисёр овоз баланд накунад, ман ҳоло зиндаам; нағзаш – чӣ қадаре бошад, шир ёфта биёрад. Боз эҳтиёт шавад, ки ҳамсояҳо аз ҳақиқати ҳол пай набаранд...
– Девор агар афтад, дарун афтад гуфта, хостааст қиссаи туро пинҳон дорад.
– Албатта, олуда дар он бўи бад ҷон ба ҷаббор диҳам, оқибаташ чӣ мешуд?! Ба зоту зурётам исноде меовардам, ки якумр аз ёди мардум намерафт.
– Ҳар чӣ бошад, муҳиммаш – зинда мондӣ.
– Хулоса, онҳо ба даҳанам паёпай шир рехта, муддате интизор меистанд, ки банда беҳбудӣ меёбам, ё не...
– Ту ягон чизро дар хотир надорӣ?
– Ку-уҷо! – гардан ёзонда, мад мекашад Ҳотамбек. – Гуфтам-ку: мурда будаам, мурдаи ғассол... Баъд мебинанд, ки не-е, баданам ғарқи арақи сард, шири хўрондаашон аз даҳану биниам омада, хона пур аз бўи катарин, ба дами назъ расидаам, ҳамин ҳозир ҷон медиҳам. Бечораҳо ноилоҷ монда, табобатро дигар бас мекунанду ҷасади ин акаатро кўдак барин боз дар гаҳвораи ҳамон мататсикл андохта, саркану покан ба беморхона мебаранд.
– Нағз, ки ақлашон гирифтааст.
– Янгаат тақозо мекунад. Овоза нашавад, иншооллоҳ, ба худ меояд гуфта, боҷаам аввал бурдан намехостааст.
– Бечора Саидвалӣ...
– Ҷони одам аст, – хушҳол мегўяд Ҳотамбек. – Вагарна дидори ману ту дар қиёмат мемонд.
– Якумр бояд аз вай минатдор бошӣ, – мутаассир ба забон меорад Нозилҷон.
– Саидвалӣ дар беморхона ҳам хизмати бисёр кард. То сари по нахестам, дар гирдам парвона буд хонаобод.
– Чанд рўз хобонданд?
– Зиёда аз бист рўз! – ба оҳанги ифтихор ҷавоб мегардонад Ҳотамбек.

пешина
аз 551
навбатӣ