Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар сол... Медонӣ, а? Қилу қол надорад ин масъала!
– Медонам, – беихтиёр мегўяд Нозилҷон.
– Хайр, – даме ба сукут рафта, фарох механдад Ҳотамбек. – Тарки одат – амри муҳол. Буридан гир... Ту аз кўдакиат ҳамин тартиб бетоқат будӣ.
– Ёд надорам.
– Албатта, кадом одами ту барин ҳушёр гуноҳашро зуд ба гардан гирифтааст? – як қулт чой менўшад ў ва боз қадре хомўш монда, аз сари нав ба сухан меояд: – Давоми қисса – Саидвалӣ маро дида, хушу хурсанд вохўрдӣ кард. Гуфт, ки имрўз бояд намеомадӣ, аз куҷо пайдо шудӣ. Яқин ҳамсўҳбат мехост вай – аз афташ... тани танҳо ҷунбида, зиқ монда буд рўзи дароз... Бемадор даст афшонда, чои хунук пурсидам. Надорам гуфт. Баногоҳ қаҳрам омада, худро якбора аз даст дода, қариб беҳуш шудам. Даруни сарам ваҷарос мезад. Дасту поям вазнин, ҳатто ба ларза печида, зуд нишастам, балки афтидам. Хуллас, одаму оламро фаромўш карда, фақат ёд дорам, ки – намедонам кай – ана чой гуфтам. Ана...
ниҳоят ташнагӣ мешиканам. Баъд хоб меравам, хоб... Ва он зарфи пур аз катаринро, ки яқин дар паҳлуям ғелида буд, худам бехабар чанг зада гирифтаму ҳамоно ба лаб бурдам.
Тамом, дигар чизе дар хотирам намондааст. Маълум шуд, ки наздики як ҳафта...
– Тавба! – ба оҳанги таассуф калла меҷунбонад Нозилҷон. – Ҳамин қадар беҳуш будӣ, а?!
– Беҳушӣ ҳам гап? Мурда будаам, мурдаи ғассол... – оринҷашро аз болин гирифта, боз чорзону мезанад Ҳотамбек.
– Нағз, ки дар он ҷо ба Саидвалӣ вохўрдаӣ...
– Рост мегўӣ, – сухани Нозилҷонро бурида, вай худаш идома медиҳад: – Агар не, ҳаром мемурдам.
– Баъд чӣ?
– Чӣ мешуд баъд? Ҳоло пўсида, аз ҳам мерехтам дар гўри торик.
– Ман ин оқибати вазнинро дар назар надоштам, – табассум мекунад Нозилҷон. – Фақат донистан мехостам, ки ба кадом насақ раҳо ёфтӣ аз ҳалокат.
– Тафсилоташро аз Саидвалӣ пурс, – лоқайд мегўяд Ҳотамбек. – Аз рўи шунидам ҳамин қадар медонам, ки вай маро саросема ба гаҳвораи мататсиклаш андохта, дартоз хона меорад.

пешина
аз 551
навбатӣ