МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Аз шаш дари олам гап зада, занги дил мешўӣ, гузаштаро ба ёд меорӣ, имрўзаро ба муҳокима мекашӣ... Хулоса, роҳат мекунӣ. Мо ҳам лақидалақида, ба тавре роҳат карда, нимарўз, баъде ки шишаҳо билкул холӣ шуданд, аз дари магазин ғайб задем. Яъне гаранг будем ё ҳушёр, ба ҳар ҳол, ҳар кадом ба роҳи худ рафтем.
Ҳамон рўз офтоб аз саҳар башаст омада, гармо тадриҷан боло гирифта, оқибаташ – ҳаво ба мисли танўр метафсид.
Боз ин ки ғуборогин буд сабил, вазнин буд. Ҳамвор нафас кашидан як азоб... Дар дастам зарфи пур аз катарин, ман рў ба хона лаб-лаби канал оҳиста пой монда, базўр меомадам.
Раҳораҳ аҳволам ба дараҷае танг шуд, ки як-ду бор истода, то метавонистам, чуқур дам задам. Бинам, дар ҳақиқат фоида доштааст – ҳушам дар ҷояш қарор гирифта, оҳиста-оҳиста сабукӣ ёфтам. Бо вуҷуди ин аз дил гузарондам, ки биё, ранги рўямро ҳоло дар хона нишон надода, аввал ҳамин катаринро ба сари замин бурда монам... Акаат, охир, дар он ҷо як каппача дорад! Худат медонӣ-ку: ман чор сол боз иҷоракор. Се гектарро ўҳда карда, ба илова ҳосили айни муддао гирифтан аз дасти ҳар кас намеояд. Дар як муддати кўтоҳ ман он замини партавро чунон ба тоб овардам, ки эҳа-а! – тонна-тонна бор медиҳад. Соли дароз на фақат оилаи худам, балки хешу табор низ таъминанд аз пиёзу картошка. Боз хеле мефурўшам... Исто, ки ту ҳам якхалтаӣ барӣ, намешавад?
– Мани бехабар сари тирамоҳ захира карда будам, – нарм механдад Нозилҷон.
– Гапамро набур... Аҷаб бетоқатӣ!
– Модоме батаъкид мепурсӣ, ҷавоб нагардонам?
– Майлат, набар... Лекин ба миёни суханам лагад назан, – мегўяд хушҳолона Ҳотамбек ва идома медиҳад: – Хулоса, аз дил гузарондам, ки дар ин аҳвол хона намеравам. Ва бешитоб самти заминамро пеш гирифтам. Агарчи кайфам ҳоло ҳам баланд буд, дар ҳавои бисёр гарми чанголуд беш аз ним соат қадам зада, ҳалқам аз ғояти ташнагӣ қоқ, нохост ба боҷаам рўбарў омадам. Ба Саидвалӣ... Вай сари вот истода, дар китфаш каланд, ба ҷўякҳои пахта менигарист.
Замини мо аз бари якдигар... Воқиан, ман ҳам мувофиқи шартнома ўҳдадорам, ки дар баробари ғайра зироат пахта низ мекорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор