МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Камина агар дар ҷои бобоям мебудам, ин қадар сарватро дида, биллоҳ, ки аз ҳуш мерафтам. Воқиан, аҷибаш – аз байни он зару зевар ҳамин носкадуи азизу авлиё ҳам мебарояд. Ҳоло гапам чӣ буд? Ҳа-а, эҳтимол ман аз ҳуш мерафтам. Вале бобои қаҳрамони банда ақлашро бой намедиҳад; анбон дар паллаи хўрҷин, шабонгаҳ ба манзил мерасаду онро дар пеши падараш гузошта, буду шуди ҳодисаро нақл мекунад. Ниҳоят ҳар ду аввал хеле музтар монда, баъд аз рўи инсоф маслиҳат ороста, ба хулоса меоянд – ягон одами зинда, бахусус калонтари деҳа, ки пиракии табиатан бисёр фитна будааст, бояд аз ин кор дар ҳеҷ сурат хабар наёбад. Бахташ тофта, он раҳгузари давлатӣ дур нарафта бошад, аз гум шудани анбонаш ҳатман воқиф гардида, ба такудав меояд, аз як кас-ним кас пурсуҷў мекунад.
Ва албатта дар байни мардум гап хеста, ба гўши падару писар низ мерасад, ки вай кӣ будааст. Пас онҳо ин анбончаро бурда, бе ягон каму кост ба дасти соҳибаш месупоранд. Ба расми мусулмонӣ рахна назада, дар гуноҳ нағўтида, танҳо савоб хоста... Лекин аҷаб, ки бе овозаву дарвоза шаби дигар ногаҳон дари бобокалони маро мекўбанд. Баромада бинанд, як аспакии паҳлавонҳайат, банур...
– Яъне ҳамон нафаре ки анбонашро ғалтондааст? – каме бетоқат шуда, мепурсад Нозилҷон.
– Худи худаш, – суоли ўро тасдиқ мекунад Ҳотамбек. – Хулласи калом, маълум мегардад, ки вай як тоҷири қубодиёнӣ буда, пурсон-пурсон фалон вақт аз фалон раҳ киҳо гузашта, то куҷо рафтани аксарияти онҳоро камобеш муайян намуда, бобои каминаро низ ҷуста меояд. Ва оқибати кораш бахайр, ҳамон шаб хушу хурсанд дар кулбаи бобокалони мо меҳмон мешавад. Дар ҳаққи бобои навҷавони мо таҳсину офаринҳо мехонад. Баъд ана, пагоҳаш... анбонро дар пеши ў кушода, аз таҳти дил мегўяд, ки ҳар чӣ мехоҳӣ, бигир. Човандоз ба андешаи сухани мардак нашиканад, он зару зевари ҳар кадоме то ин дам шиносро боз як маротиба аз назар гузаронда, фақат ҳамин носкадуи ҷононро интихоб мекунад.
– Пас вай худат барин носкаши чор кас медидагӣ будааст, – беғаш механдад Нозилҷон.
– Мегуфтанд, ки раҳматӣ ҳаргиз намекашид, – ба тамкин ҷавоб мегардонад Ҳотамбек.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор