МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Яқин ҳарорат дорад мард. Хона чандон гарм не, – дар кунҷи дуртар аз паҳлуи дари дутабақа, дудкашаш берун аз шифт рафта, бухории оҳанин... ба вай фурсате қабл алав мондаанд магар, акнун тафс мегирад.
Мард аз оинаи тиреза, ки домани ҳар ду пардаашро барзадаанд, хаёлманд ба саҳни ҳавлӣ, ба нам-нами якнавохти борон менигарад. Баъд оҳиста паҳлу мегардад. Ва аз байн дақиқае нагузашта, болини таки сарашро болотар тела медиҳад. Бетоқат аст вай – гўё аз риши тунуки малла, аммо як қадар дамидаи худ ғашаш меояд. Балки дар бадаш задааст чор рўз интараф мурда барин дароз хобидан? Ҳар чӣ бошад, ранги рўяш бегона, дилаш зиқ ва хотираш парешон метобад… Инак боз паҳлу мегардад ў. Пас баиллат як калла афшонда, аз нав ба саҳни ҳавлӣ менигарад. Ва худи ҳамон дам чашмонаш дурахшида:
– Ваҳ! – гўён саросема кўрпаро аз қафаси синааш дур меандозад. – Ҷўраам, а! Ҷўраам...
Марди бемор пойҳои лоғарашро аз кат фуроварда, зуд ҷуробашро мепўшад. Бархоста, ҷомаашро низ чаққон ба китф мегирад.
...Ва дар кушода шуда, ба мушояати ҳамсари вай дўсти бачагиаш Нозилҷон медарояд. Онҳо якдигарро гарм ба оғўш кашида, салом-алейк мекунанд, самимона аҳвол мепурсанд.
Пас дар болои кўрпачаҳо ба ҳам рўбарў нишаста, аз дари таомул даст ба фотиҳа мебардоранд.
– Қадам расид, бало нарасад!
– Намерасад...
– Илоҳӣ омин! Гуфтам... аз ту як хабар гирам.
– Хуш омадӣ, дўстам! Ҳар қадамат болои дида... Ту, охир, тоҷи сарӣ!
– Воҳима нашавад, Ҳотамбек... – мегўяд Нозилҷон. Ва баъди лаҳзае сукут, лабони андак ғафсаш моил ба табассум, маънидор мепурсад: – Аслан чӣ гап? Аз нақли як кас-ним кас ман туро бемори лоҳис тасаввур кунам... дурустӣ-ку! Ҳеҷ тағйир наёфтаӣ, ҳамон Дами Гарми қадимаӣ.
– Ҳоло лақаби ман дигар, – нигоҳашро гурезонда, қариб ғамгин ба забон меорад Ҳотамбек.
– Аз инаш ҳам хабар дорам, – механдад Нозилҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор