МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Хабарат бошад... – гуё ногаҳон ба хаёл рафта, идомаи суханашро фурў мебарад ў. Ва ба ҷониби ҳамсараш, ки низ пиққӣ хандида, ин дам аз хона баромадан мехост, дар як итоби омехта ба меҳр чашм медавонад. – Бисёр наханду аз паи дастархон шав!
– Албатта... – хушнуд берун меравад зан.
Ва лаҳзае хомўшӣ ба миён меояд.
– Хайр, гап деҳ, – айни вақт онро шикаста, нарм мегўяд Нозилҷон.
– Чӣ гап диҳам? Ранг бину ҳол пурс... – рўймоли гардиро аз гирди сараш кушода, ба табассум тоқӣ мепўшад Ҳотамбек. – Кам-кам таб дорам. Боз ин ки месурфам. Сурфаи хушк... Вараҷа барин нохост гирифт сабил! Чор рўз пеш...
Хуб, аз худат пурсам – чӣ ҳол дорӣ, Душанбе чӣ хел? Зану бачаҳоят сиҳат-саломатанд?
– Шукр, ҳама осудаанд. Душанбе низ тинҷ. Ҳоло ки ман дар он ҷо нестам, тамоман тинҷ будагист.
Ҳотамбек аз мағзи дил механдад.
– Худо мегўем, ки аз паи қадами ту акнун деҳа нотинҷ нашавад.
– Ахир бас кардӣ нўшиданро? – ҷиддан мепурсад Нозилҷон, ба ҷигари сухани вай зиёда эътибор надода.
– Худат чӣ?
– Ман ҳамон Аҳмади порина. Як хел...
– Аммо қиссаи акаат пур аз пастиву баландӣ.
Ҳамсари Ҳотамбек нону суфра меорад. Аз пушти ў, дар даст чойники калону чанд пиёлаи хушгул, ба хона нахустписараш медарояд. Онҳо ду-себорӣ аз нав берун рафтаву ҳамоно баргашта, рўи дастархонро зуд мамлуи гуна-гуна нозу неъмат мекунанд. Дар охир як шишаи гардандарози арақаш нимабаланд низ пайдо мешавад.
– О будааст-ку! – барқ мезананд чашмони Ҳотамбек.
– Ин фақат барои акаам, – ширин механдад ҳамсари ў, зани кушодачеҳраи яқин содадил.
– Ҳа-а-аъ... – ночор абрувонашро боло мекашад Ҳотамбек. – Хуб, ҳоло ба шумо ҷавоб. То палав тайёр нашавад, ба сўҳбати мо дигар халал нарасонед.
Модару писар мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор