МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ана ҳамин хел…
Шояд хаёли маро фасли баҳору боронҳои паёпай парешон месозанд?
Эҳтимол...
Лекин як чизро нек медонам – солҳои охир ман дар ин фасл гўё тағйир меёбам. Тобу тавонро аз даст дода, зуд-зуд ҳис мекунам, ки ба ҷои мақолаҳо дар хусуси ҳаммом, сартарошхона, дўкони таъмири пойафзор ё аҳволи бозор...
Чӣ гўям?
Раман навиштан мехоҳам!
Бале, бале...
Механдед, а?
Беҳуда. Чунки ягон рўз рамани маро ба чашми худатон мебинед. Ҳатман... Он гоҳ ба ҷои хандидан ҳайрон мешавед, лол мемонед. Ҳоло чӣ? – яқин бовар надоред; ҳазён мепиндоред. Шояд фикр ҳам мекунед, ки ман ақламро бохтаам. Аз беҳунарӣ, аз васвасаи қаламкашӣ, аз орзуҳои ботил...
Ё нодуруст мегўям?
Дуруст албатта...
Эъ, ин борони сабил боз гирифт-ку! Ганда гирифт. Касро дигар ба ҳоли худ намемондагӣ барин... Хуб, ҳар чӣ бодо бод! Таваккал ба худо гуфтаанд. Ҳоло ман рафтам, бале, шумо саломат бошед. То боздид; то ҳамон рўзе ки рамани маро хонда, аз боби он ҳатман қисса хоҳед кушод.
1985
КАТАРИН
Гашт мекунад рўзи аввали зимистон. Ва боз... мегузарад
соате аз ҳаёти муқаррарии инсон. Чанд лаҳза инҷониб майда-майда борони сард борида, шояд аз камари кўҳҳои дур
нафаси тези барфро меорад. Як марди биниаш барҷастаи газгўшт, ки ба назар тахмин панҷоҳсола метобад, сараш ба
рўймоли гардӣ маҳкам бастагӣ, кўрпаи баҷилди вазнинро
қариб то таки манаҳаш кашида, дар кати пастаки пеши тиреза хобидааст. Гунаҳои суп-сурхи ў ба чашмони кабуди андак чуқураш гўё бозӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор