Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Даҳ тин фоида гуфта, дар ҳамин бозор мелухсем.
– Боз чӣ хел хоксор...
Мўйсафед, ки аз ғояти шодӣ даступо хўрда, то ҳол намедонист чӣ кор кунад, ҳушу ёдашро ғундошта, хост ба ҷавонмард дурусттар шинос шавад. Вале акнун ўро дар ҷои истодааш надида, ба онҳое рўй овард, ки мисли дигар одамон низ пароканда мегардиданд.
– Канӣ вай?
– Бирафт, – гуфт Зардина.
– Чӣ хел?!
– Ҳамин хел! – хандид Зардина.
Ҷингиламўй мурвати магнитафонро тоб дод.

Садқаи номат шавам,
Номи ширин дорӣ...

– О вай...
Чунон ки хонааш сўхта бошад, мўйсафед термосу шолча ва думбураҳоро ҷонсарак дар хўрҷин андохта… хўрҷинро ба китф партофт.
– Ҳой, куҷо меравӣ? Як дам ист... Мани сода асбобатро хариданӣ, – гуфт Зардина.
Аммо мўйсафед ўро нашунид.
– Аслан думбура ба ту чӣ даркор? – гуфт Ҷингиламўй ба Зардина. – Навохта натавонӣ... Чанд бор фаҳмондам, ки ранги ман... магнитафон гирифта гард. Пас ҳар чӣ хоҳӣ, мешунавӣ – суруд аст, нағма аст...
Аз ин гап ғашаш омада, Зардина рўй турш кард. Ва нохост дар ҷои мўйсафед ва созҳои ў чашмаш ба як пиёлаи хурди пахтагулу як газ матои осмонранг афтид, ки ғарибу бекас мехобиданд.
– Фаромўш кардааст гаранг!
– Сазои сараш, – гуфт Ҷингиламўй ва Зардинаро аз оринҷаш дошта, ба тарафи дўконҳои сайёр кашид.
Ин дам мўйсафед аз дарвозаи бозор баромада, ҳамон тарзе ки бордонашро ба китф партофта буд, шитобон, баъзе раҳгузарҳоро беихтиёр дакка дода ва шояд ранҷонда, ба кўчаи калон наздик мешуд. Нигоҳи беқарораш ба ҳар сў давида, аз байни мошинҳои рангорангу одамони бисёр пайваста он ҷавонмардро меҷуст.

пешина
аз 551
навбатӣ