МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ана дасту панҷа...
– Ту худат чикораӣ, ҷўра?
– Ман?.. – гуфт дар табассум ҷавонмард ва асбоби сеюмро аз пеши пои мўйсафед оҳиста бардошт. – Бухгалтер ман.
Касбам ҳисобу китоб…
Мардум аз нав хомўш шуданд.
Оҳанги дигаре ки мақомҳоро мемонд, дар фазои бозор танинандоз гардида, ба дилҳо фишор меовард.
Мўйсафед рўҳу равони тоза гирифта, як ба думбурааш ва як ба ангуштони печони ҷавонмард менигаристу дар ҳавои он нағма фикр мекард: дастони падараш низ ҳамин гуна печон буданд. Раҳматӣ ин қабил оҳангҳоро дўст медошт ва бисёрҳо мешуд, ки рўзгори ноободи худро ба чунин навоҳои тасаллибахш обод месохт.
Ниҳоят ҷавонмард думбураро ба вай баргардонд; дар ҳолате ки мардум таҳсин мехонданд, овозашро каме баланд карда, то мўйсафед шунавад, хушвақт гуфт:
– Ҳар сеяш ҳам аъло, падар.
– Бале, зўр будаанд, – фикри ўро қувват дод нафаре.
– Навозандааш чӣ? – гуфт дигаре.
Ҷавонмард ба рўи Зардина, ки дар паҳлуяш ҳамон рост истода, инак нигоҳашро аз вай қадре мегурезонд, ба маънии «ту, ошно, ин азизонро беҳуда наҳ задӣ» як назар афканду аз дасти Ҷингиламўй тўрхалтаашро гирифт...
– Ба хаёлам... санъаткор буд.
– Санъаткор? Не-е, худаш гуфт-ку: бухгалтер!
– Наход?
– Ҳар кӣ бошад, хушбахт аст.
– Эҳ, ман агар вай барин навохта метавонистам...
– Ба мўйсафед чӣ гуфт, шунидӣ?
– Не...
– Дар ҳақиқат думбурашинос будааст.
– Беҳуда нагуфтаанд: қадри зар заргар бидонад, қадри гавҳар – гавҳарӣ...
– Рости гап, агар овозашонро намешунидам, ин намуд созҳо ба ман асло мақбул намешуданд.
– Ба ту думбура чӣ даркор! Картошка бошад...
– Ба худо, ки ҳаловат бурдам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор