МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Лекин ў наменамуд.
«Наход ки наёбам? Вай, охир, ман барои харидан пул надорам гуфта буд. Пул, а! Ҳамон пуле ки мо ин қадар азиз медонем, худаш чист?»
Мўйсафед, дар китфи лоғараш хўрҷин, дар хўрҷинаш термосу шолча ва се адад думбура… ба чор тараф чашм андохта, дар кўчаи сермағали шаҳр ҳамчунон саросема, вале ба умед ва ҳатто хушнуд қадам мемонд.
1977
ПАНҶ ҲОЛАТ
1 Ҳаво ниҳоят гарм буд. Баъди кор... сари раҳ ба бозор даромада, вай як тарбузи калон харид, ки хона бурда, соате дар ҷўи обаш сард нигоҳ дошта, бегоҳ ба зану бачааш кушта хўраду...
Тафси дилашро паст кунад.
Вақте ки аз дарвозаи бозор берун мешуд, нохост чанд калимаи дар хаёлаш борҳо шунидаашро боз...
Гўё аз дуриҳо шунида, лоҷарам истод.
– Ман бисёр хоб мебинам, – риши сафедашро хилол карда, андешаманд мегуфт мўйсафеди лоғаре ба мўйсафеди дигар. – Лекин аҷаб, ки ҳамеша кўдакиамро хоб мебинам...
Вай даступо хўрд. Ва аз он ду нафар чашм канда, зуд қадам бардошт.
Охир, ғалат карда буд!
Вай ин чанд калимаи шиносро ҳеҷ гоҳ нашунидааст, балки аз дил мегузаронд. Худаш...
Ва ана, дар ҳавои гарм хаёлаш аз нав парешон гардид.
...Ҳавлии онҳо дар канори деҳа воқеъ буд. Падараш деҳқонӣ мекард, – аз ин рў боғи сарсабзе доштанд.
Вай дар оила бачаи беқарор, гарданшах ва бисёр шум ҳисоб меёфт. Қариб ҳар рўз ягон «кори нораво» карда, аз димоғи падару модар дуд мебаровард. Махсусан хоҳарашро, ки аз ў ҳафт сол калон буд, сахт азоб медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор