МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Кишвараш обод, раияташ дар фароғат, хазинааш беҳисоб ва худаш тамоми умр дар айшу нўш будааст. Мегўянд, ки аз шаъну шавкати Искандар ҳатто ситораҳои осмон хира мешудаанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама бахту тахт вай пеш аз марг муқаррабони вафодорашро ба назди худ хонда, васият мекунад... Васият мекунад, ки ҳангоми ўро ба хонаи фардо бурдан ҳар ду дасташро берун аз тобут гузоранд.
– Тавба кардам, худоё! – гуфт Ҳалимбой, чашмонаш бештар калон шудаву гиребонашро дошта. – Кори шайтон...
– Муқаррабон аз хоҳиши олампаноҳ дар ҳайрат монда, сабаб пурсанд, барои он ки мегўяд... мардум бинанд; бинанд, ки ман – шоҳи олам! – пас аз ин қадар ҷаҳонгириву сарватмандӣ... ду дастам холӣ ба хок меравам. Бинанду андак нармдил шаванд, аз паи давлату ҳашмат тохта, имонашонро ба бод надиҳанд. Ҳамин тавр, бой! Дунё ба ягон кас вафо намекунад – на ба шоҳ, на ба гадо...
Инро гуфта, Усмон Азиз чобук ба по хест ва ҷомаашро аз канори болин бардошта, сабук ба китф партофт.
Ҳалимбой ҳам саросема бархост.
– Ҷанобашон нахўрданд... аз ин нозу неъмат? – кандаканда гуфт вай, ки дар пеши қомати баланд ва паҳлавоннамои Усмон Азиз худро ҳақиру нотавон ҳис мекард. – Дурусттар чой ҳам нанўшиданд?
– Ташаккур, мо бояд ҳар чи зудтар ба роҳ дароем.
– Шумо, тақсирам, то куҷоҳо рафтанӣ?
– То он ҷое ки худо фармудааст.
– Оқибати кор... акнун чӣ шуд? Ҷанобашон боз бармегарданд, ё ба ҳамин...
– Ба хаёлам мо дигар барнамегардем, бой. Беҳуда, ҳамааш беҳуда!
– О ин хел бошад, – овозаш ларзида, дар банди ҳайрат гуфт Ҳалимбой, ки тайёр буд ба таки пои ў афтад, – мо...
ман, мани бадбахт ба умеди кӣ...
– Ба умеди худо нашав, буттаро дор гуфтаанд. Аҷаб нағз гуфтаанд.
– Пагоҳ ба ин атроф ҳам омада, калхоз сохта, молу мулкатро супор гўянд, ё аз ин гандатар – бадарға мекунем гўянд, зану духтарамро...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё