Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шумо наранҷед.
– Ман наранҷидаам... Барои чӣ ранҷам? – гуфт Ҳалимбой, ки дар асл сахт хафа шуда, дилу ҷигараш месўхт. – Ҳама гапашон дуруст, аз рўи китоб.
– Боз кадом китоб?
– Яъне ки рост, ҳақ... – даступо хўрд Ҳалимбой.
Усмон Азиз дар тамасхур ба вай каме нигоҳ карда истоду аз кисааш як ҳамёни чарминро берун оварда:
– Барои нону намакатон ҳазор раҳмат, – гуфт ва даҳони онро кушода, аз дохилаш чанд тиллои сурх гирифт. – Ин...
чӣ гўям? Хизматона... Аз ҳад зиёд агар сахтӣ накунед, ба худатон ё фарзандонатон сарулибос мехаред. Хаймаро ҳам ба шумо монда меравем: тифоқо ягон мусофир дарвозаатонро кўбаду ба хонаатон раҳ додан нахоҳед, шояд ба кор ояд.
Вай сиккаҳоро ба пеши Ҳалимбой партофта, ҳамёни қариб холиро гашта ба киса андохт.
Бой аз ҷилои онҳо, ки ҷарангосзанон ба лаби дастархон афтиданд, чашмонаш беҷо шуда, гоҳ ба Усмон Азиз нигарад, гоҳ ба тилло менигарист.
– Гиред, бой, шарм надоред, гиред – ҳамааш аз они шумо.
– Илоҳӣ давлати ҷанобашон зиёда гардад, шамшерашон бурро шавад!
Усмон Азиз... қариб ба рўи дастархон ғалтида, ҳарисона сикка чидани Ҳалимбойро то охир ба як ҳисси нафрат мушоҳида карда, баъде ки ў рост нишаст, андешаманд ва аламангез гуфт:
– Ба пулу моли дунё бисёр дил набандед, бой. Чунки одамизод, ҳар қадар доро бошад ҳам, оқибат ба гўр меравад.
Бинобар ин нағз хўред, тоза пўшед. Тавонед, ба якта-нимта барҷомонда ёрӣ дода, сари сағиру ятимашро сила кунед... – Вай ба риши зебои кўтоҳ қайчизадаи худ даст бурда, лаҳзае ба берун, ба нурҳои заррини офтоби баҳорон нигарист, ки ин дам дар фарқи арчаҳо ноаён лағжида, ба сўзанакҳои сабзи онҳо гармӣ мебахшиданд. – Дар замонаш Искандари Зулқарнайн ном як подшоҳи ҷаҳонгир будааст. Ба тадбиру хирад ва ҷояш ояд, ба зарби шамшер чандин мамлакати дуру наздикро ба тасарруф дароварда, чун бузургтарин шоҳи олам шўҳрат ёфтааст.

пешина
аз 551
навбатӣ