МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
рўяшон кушода, дар байни мардум андозанд, ман... мани бадфарҷом сарамро ба кадом санг мезанам, тақсир? Ба кадом санг... – Ҳалимбой нолакунон ба зону ғалтида, соқи нарми мўзаҳои ўро дар оғўш гирифт.
– Аввало ин ки, бой, кўҳистон пур аз сангу харсанг. Сониян... – гуфт Усмон Азиз ба лабханди заҳрогин ва баъд якбора пояшро аз ҳалқаи дастони ў берун кашида, дод зад: – Хезед! Э хезед-э! Шумо ҳам инсон шудеду...
Ҳалимбой аз ғояти тарс ҷаста бархост ва рангаш зарду гарданаш каҷ, кўдаквор ба тавалло даромад:
– Маро ҳам баред, тақсир. Баред ҳамроҳатон... Камтар пул дорам, аз ин тангаҳои худатон лутф кардагӣ ҳам дорам.
Ба як кампирам рўзамон мегузаштагист. Ғуломатон мешавам, тақсир, ғуломи ҳалқабаргўш... Не нагўед, баред, маро ҳам баред!
– Куҷо барам?
– Аз дарё мегузаштагистед албатта. Гуфтанд, ки шумо дар Пешовар. Зиндагии осуда доред...
– Рама-рама бузу гўсфандатон чӣ мешавад? Сандуқ-сандуқ лоқу паратон чӣ?
– Лоқу пар? Лоқу пар, а... Як қисмашро мебарам, дигараш ба писарам мемонад, ба Наимҷон. Бузу гўсфанд ҳам...
– Яъне ба ҷои падар бигузор писар азоб кашад. Дуруст мегўям?
– Не, садқа, не... ин хел не! Лекин, охир... Вай бистсола, соҳиби зану фарзанд. Худаш ягон илоҷ ёбад.
– Дидед, шумо чӣ гуна одам! Ҳатто ба писаратон раҳм намекунед.
– Замона вазнин омад, тақсир, замона... Баред маро, ҳамроҳ баред. Гуфтам-ку: ғуломатон мешавам, якумр ғуломи ҳалқабаргўш мешавам.
– Не, бой, ман шуморо ба ҳеҷ куҷо намебарам. Чунки худам ҳоло раҳгум задаам, – гуфт хаёлолуд Усмон Азиз ва аз болои китфи паҳни ў ба кунҷи хайма нигариста, пурсид: – Ғайр аз ин... оё наметарсед аз мо?
– Ҷанобашон... барои чӣ тарсам?
– Мо, охир, босмачӣ-ку! Шояд дар хилват шуморо кушта, ҳама тиллову тангаатонро байни худ тақсим кунем. Шояд пўстатонро низ канда, ба ягон рўзи сиёҳамон даркор мешавад гуфта, ғанимат гирем...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё