МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Беш аз даҳ сол ба вай ҳамсоя будем.
– Баъд як даҳан хабар надодӣ? – хотираш қадре озурда, гилаомез мегўяд Ситора.
– Дукаса даратро задем. Аммо садое набаромад аз дарун... – банамак табассум мекунад Шаҳзода.
– Кай?
– Ҳамин дирўз, шомгаҳ.
– Аз лиқои хешу табори Икром сер шуда, ахир бачаҳоро гирифта, хонаи бародарам рафта будам... Афсўс, надидамаш.
– Киро? – гўё таҳтан нафаҳмида бошад, бардурўғ мепурсад Шаҳзода.
– Ҳамон мардаки русро... – механдад Ситора.
– Ҳа-а-а, – мад мекашад Шаҳзода. – Ба ту салом гуфт.
– Ташаккур. Зиндагии онҳо албатта нағз. Мо барин шабу рўз мўҳтоҷи пул нестанд.
– Чаро? Ману акаат ба вай хеле сўҳбат доштем. Дар сари як пиёла чой гуна-гуна мисолҳо оварда, таъкид мекард, ки ба одамони ҳалол дар Русия низ серу пур рўз гузарондан мушкил аст. Боз ҳамон сарфаву саришта лозим.
– Хайр, ба ту ягон чиз овард? Лекин росташро гўй, апа...
– Овард. Ё шарт пинҳон кардан?
Ситора суоли ўро беҷавоб гузошта, ҷиддан мепурсад:
– Хайр, чӣ будааст вай?
– Хаёлат дур наравад, – ҳамчунон ба лабханди ширин мегўяд Шаҳзода. – Китоб...
– Чӣ?! – гўё мот мешавад Ситора.
– Як китоби оли-ҷа-ноб.
– Хуб ҳиммати баланд доштааст!
– Ҳар чӣ бошад, барои ман беҳтарин тўҳфа китоб аст.
– Тавба! Баъзе мулоҳизаатро шунида, ҳайрон мешавам.
– Чӣ ҷои ҳайрат?
– Наход китоб оварданд гуфта, одам ин қадар дар пўсти худ нагунҷад! Хонаат-ку пур-пури китоб.
– Чӣ илоҷ? Инсон, зан аст ё мард, бояд якумр хонад, омўзад. То метавонад, на танҳо аз зисти мўрчагон, балки аз асрори кайҳон низ ҳатталимкон хабардор бошад. Бинобар ин тўҳфаи ўро дар рафи алоҳида ҷой додам. Ба як олам сурур...
– Лекин ман ба китоб қарин нестам. Агарчи худамро маҷбур карда, мавридаш ояд, баъзе устодонро хўрондаву пўшонда, ниҳоят донишгоҳро ба дипломи сурх хатм намудаам, ҳоло аз ду варақ бештар хонам, сарамро дард мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор