МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Чунки хаёлат ба кўчаҳои дигар меравад?
– Чандон нею... – рабти суханашро андак гум мекунад Ситора. – Умуман безорам аз китоб. Азоби бисёр кашида, панҷ сол сабақ омўхтам... басу барзиёд.
– Барои ҳамин баъд аз таъмири манзилат як олам китоби нағзро, ки маълумоти олӣ доштаед, ба илова забони русиро хуб медонистаед, минбаъд кам-кам мутолиа мекунед гуфта, Ратмир ба ҳар дуи шумо монда рафт, бепарво бароварда партофтӣ.
– Аз куҷо донистӣ, апа? – ба гунаҳояш сурхӣ дамида, пас аз лаҳзае сукут мепурсад Ситора.
– Нағз, ки дина вонахўрдед, – боз механдад Шаҳзода.
– Вохўрем, чӣ мешуд? – низ маҷбур радаи дандон метобад Ситора.
– Фикр мекунам... рафту вай аз ҳоли китобҳояш пурсад, чӣ ҷавоб медодӣ... Балки шарм медоштӣ.
– Аҷаб хазина будааст! – гуё кадом магасро нишон гирифта, даст меафшонад Ситора. – Аҷаб дафина... Воқиан, чӣ хел фаҳмидӣ, ки ман онҳоро партофтаам?
– Ду-сета ба худам шиносашро чанд рўз пеш дар дасти бачаи ҳамсоя дида, пурсидам, ки аз куҷо ёфтӣ. Аз ахлотхона... гуфт вай шоду бод. Якта-нимта расмҳояшонро тамошо карда, даҳонаш аз ханда каҷ, варақ-варақ медаронд аҳмақ.
– Хайр акнун, он тарафаш дарзаи китоб, ҳезум барин...
Ҷони одам не-ку! – ин дафъа муй меафшонад Ситора.
– Тахмин бист рўз пештар ман ба ғарами чангзадаи онҳо нохост дар пушти ошхонаат бархўрда, ба андешаи мабодо партоӣ, мехостам аз назар гузаронам. Гуфтӣ, ки баъд – ҳоло шитоб дорам, апа, хонаи хоҳарам рафтаниам. Боз ҷавобан ба гумони ман мегуфтӣ: фурўхтан мумкин, аммо ҳаргиз намепартоям... Дуруст?
– Бале, ҳамчунин исрор кардӣ, ки бояд дар байни онҳо ба ту мақбулаш бошад. Агар ҳаст, ман худам мехарам гуфтӣ... – нигоҳашро қадре мегурезонад Ситора.
– Пас чаро ақалан хабар надода, зуд дар ахлотхона партофтӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор