Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ту худат чанд мехоҳӣ?
– Ақалан баробари дусад доллар бошад, ки дипломи сурхи одам ҳайф нашавад.
– Ман ин хел маошро ҳатто дар хоби шабам намебинам.
Агарчи дар ихтисос муаллимаи дараҷаи олиам, ба дастам фақат шаст сомонӣ мерасад. Боз шукр мегўям, ки аҳволамон беҳтар шудааст.
– Куҷояш беҳ? Гўри торик... Хулоса, то дар ягон созмони байналхалқӣ кор наёбам, ба чил сомониву панҷоҳ сомонӣ қадрамро паст заданӣ нестам.
– Инаш дар ихтиёри худат.
– Баъд... вай, охир, мард аст! Дигарон аз куҷо қатор-қатор хона мехаранд, ҳавлӣ месозанд, мошинҳои нағз-нағзи хориҷӣ доранд? Вай ҳам тозад, безад, ёбад... Намемурдагист.
– Ҳар чӣ бошад, иттифоқ кунед. Беҳтарин давлат аст якдигарро наранҷонда, орому осуда умр ба сар бурдан. Ё нодуруст мегўям?
– Ман ўро наранҷондаам. Фақат мехоҳам, ки шарманда шуда нагардем дар байни мардум. Ҳеҷ натавонад, зудтар дасти бачаҳояшро ҳалол кунад; баъд ана... ягонта мошин харад. Шон кай пули калон меёбад гуфта, ду чашмам чор, ҳамин хел даҳанвоз шинам?! Ғайр аз ин оё бад аст, одам агар дар пеши дўсту душманаш сарбаланд бошад, ба забони дароз гардад?
– Надонистам... – мегўяд Шаҳзода хаёлманд ва ба рўи вай маънидор назар давонда, даме сукут меварзад. Пас хушнуд ба забон меорад: – Воқиан, дирўз Ратмир омада буд.
– Ратмираш кӣ? – мепурсад Ситора ба оҳанге ки гўё як қад парида, аз хоби бисмил бедор шудааст.
– Акнун фаромўш кардӣ?
– Рост мегўям, охир, – намедонам...
– Ҳамон Ратмир Александрович, ки хонаашро зуд харидед, – дастони зебо ва беғубори то соидҳо урёнашро кушода, ба чор тараф хандон ишора мекунад Шаҳзода.
– О дар вақташ он майор кўчида, Русия рафта буд. Панҷ сол мешавад, балки зиёдтар...
– Ҳоло палковник. Чанд рўз пеш ба сафари хидматӣ омада, дилаш кашидааст, ки фурсат ёфта, моро низ бинад, камтар сўҳбат кунад.

пешина
аз 551
навбатӣ