Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳеҷ қисса не, инро хешутаборӣ мегўянд. Шавҳарат ягон вақт бармегардонад. Намегурехтагист.
– Барнагардонад. Зор нестанд онҳо ба пули вай.
– Пас чӣ кор кунад?
– Оби шикамашро ҷунбонад.
– Мегуфтӣ, ки ҳар моҳ камаш сесад-чорсад сомонӣ меёбад. Боз чӣ хел оби шикам ҷунбонад?
– Мошин харад...
– Бе мошин рўзатон намегузарад?
– Мегузараду шавҳари ҳама дугонаҳоям мошин доранд.
Ман аз онҳо кам набошам...
– Бисёранд?
– Киҳо? – намефаҳмад Ситора.
– Номашон дугона... – мегўяд Шаҳзода.
– Худоро шукр, ҳастанд даҳ-дувоздаҳта.
– Ваҳ! Чандон фоли хуб нест ин. Боз кӣ медонад?!
– Чаро хуб набошад? Худо аз дугона диҳад, – дафъатан механдад Ситора.
– Худат мегуфтӣ, ки ҳоло бародарат пули бисёр дорад...
– Хайр?
– Агар ниҳоят зарур медонӣ, пас миён баста, ба шумо ягон мошин тўҳфа кунад.
– Вай рестаран хариданӣ.
– Ҳай-ҳай, давлаташ калон будааст!
– Аммо ҳимматаш майда.
– Ин тавр бошад, ташвиши як паллаи хўрҷини зиндагиро ба гардан гир, кор ёб. Баъд мебинӣ – Икром ҳам аз даромадаш кам-кам пасандоз мекунад. Худат мегуфтӣ, ки касбат бухгалтери иқтисоддон, дипломат сурх...
– Ҳа-аъ, дипломи сурх дорам, – даст меафшонад Ситора. – Лекин осон нест дар ин замонаи бераҳм кори нағз ёфтан.
Як азоби алим.
– Барои чӣ? Дар ҳама ҷо бухгалтер лозим. Рўзномаҳо саҳифа-саҳифа пури эълон...
– Рост, талабгор бисёр. Аммо маошатро пурсӣ, қариб миннат карда мегўянд, ки чил сомонӣ, панҷоҳ сомонӣ, зиёдаш сад сомонӣ... Ба ин маблағ кадом каҷи кас рост мешавад?

пешина
аз 551
навбатӣ