Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр?
– Ман надонам...
– Медонед, нағз медонед! Имрўз набошад, пагоҳ навбати шумо ҳам мерасад. Сазои саратон! Чунки ба касофати шумо барин мардуми носерам мулк вайрон шуд. Шумо ғайр аз қатор-қатор сандуқ, даҳҳо оғилу анбор ва як рўдаву меъдаи бадбўятонро пур карда, тағора барин шикам мондан дигар ғам надоштед. То ки бештар давлат ғундоред, муздуру чоряккор ё чўпону хизматгор нагуфта, ҳаққи ҳамаро медуздидед; одами аз худатон камбағалро рўирост наҳ мезадед, таки по мекардед. Имрўз ана… ба ғазаби худо гирифтор шудед. Ниҳояти дунёдаркашӣ ҳамин!
– Чӣ, фақат ман...
– Суханамро набуред, – гуфт Усмон Азиз ва баъде ки ў тарсида, зуд лаб фурў баст, илова намуд: – Ба ҳар ҳол шумо ҳам бегуноҳ нестед. Рўбоҳ шудан лозим буд дар вақташ; рўбоҳ шуда, ба номаш мискин, ҳеҷ набошад, забон дода, онҳоро дар банд нигоҳ доштан лозим буд; баробари пулу мол ғундоштан ғами мулкро ҳам хўрдан лозим буд. Лекин шумо ин хел намекардед. Даҳ ангуштро якбора ба даҳан зада, сад касро ранҷонда, фақат аз паи бузу гўсфанд метохтед. Шумо, бой, аз рўзи азал касиф будед, касиф! Омада-омада... ба ман ҳам расид касофати шумо.
– О барои чӣ касофати мани меҳнатӣ...
– Меҳнатӣ бошед ҳам, ҳоло ҷим шинед.
– Аз дасти пойлучҳо...
– Ҷим шинед гуфтам! Кошкӣ ҳамон пойлучҳое ки бад мебинед, акнун ин тани ба ҷуволи гўшт монанди шумо ҷандапўши сандуқаш пур аз тиллоро ба думи асп баста, азоби дўзахро дар чашматон нишон дода, баъд чун саги девона мекуштанд!
– Охир, чӣ кор кунам буд? Ҷанобашон нағз медонанд, ки як гўсфанд ба осонӣ дута намешавад. Барои ҳамин шабро шабу рўзро рўз нагуфта, нахўрдаву напўшида, мудом ранҷ мебурдам; дилу ҷигарам ба даҳан омада, метохтам...
– Рост, як гўсфанд ба осонӣ дута намешавад, лекин қаноат чизи хуб аст. Дар каломи шариф ҳам фармудаанд, ки бандаи мусулмон ба шикамаш бояд санги қаноат бандад.

пешина
аз 551
навбатӣ