МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Оё фикр кардед, ки баъд аз ин ман дар назари ҳамроҳонам чандпула одам шудам?
– Тарс, ҷанобашон, тарси зормонда...
– Аз кӣ метарсед?
– Аз ҳукумат, аз мардуми пойлуч, суханчин...
– Яъне мо агар эҳтиётан хайма намедоштем, мабодо ки шумо тарсед гуфта, саги дайду барин дар зери жолаву борон мемондем?
– Дигар илоҷ набуд, тақсир. Дар хонааш босмачиҳоро меҳмон кард гуфта, ягон беимон рафту ба онҳо хабар расонад, аҳволи мани бетолеъ чӣ мешуд?
Аз ин гапи вай ба танаш раъша давида, Усмон Азиз сахт ба ғазаб омад; қариб буд, ки чойҷўши дар пешаш истодаро бардошта, рост ба каллаи ғафси ў андозад. Лекин худдорӣ намуд – дандон ба дандон монда, сараш камтар хам, фурсате ба хаёл рафт. Сипас гуфт:
– Ман ҳеҷ гоҳ босмачӣ набудам, бой! Ба андеша гап занед. Босмачӣ – дузди шабгард, бедиёнат, хонасўз, харобкор!
Аз қадим ҳамин тоифа махлуқони худобезор босмачӣ ном доштанд. Аммо ман... дониста монед: ман босмачӣ нестам, ман душман! Душмани ҳамаи он куффор, ки дар даст туфангу шамшер, гурги гушна барин нохост ҳамла оварда, сарзамини мусулмонободи моро олуда карданд; аз рўзе ки қадами шумашон ба ин хоки пок расид, акнун зану мард ва нағзу бад баробар гуфта, девонавор гулў медаронанд. Вале асло ин тавр набуд ва намешавад. Рафту ҳама баробару бародар шаванд, пас ҳеҷ кас аз таҳти дил кор намекунад; дунё пур аз фиребу фитна мегардад. Эътиқод ба худову пайғамбар, ба азизу авлиё, эҳтиром ба падару модар ё одами синну солаш калон аз миён меравад. Ман... ман инро ҳаргиз намехоҳам, ҳаргиз! Масалан, шумо... оё шумо дар чунин шароит молу мулкатонро дар байни чанд бенаво тақсим карда, ман ҳам яктаи онҳо гуфта, хотирҷамъ гашта метавонед?
– Зўр ояд, дигар чӣ илоҷ? Мегўянд, ки дар водӣ бисёр касон замин ё чорво, умуман... кулли бисоташонро ба калхоз додаанд.
– Кулли бисоташонро ба калхоз дода, худашон дар зиндонҳо мепўсанд, ё ин ки бадарға шуда, дур аз ёру диёр оқибат ба хоки сиёҳ мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё