Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шумо чӣ? Шумо-мардум ба дута шудани як гўсфанд мемуреду…
эҳа, қаноат намекунед; шумо мехоҳед, ки вай зудтар ба чорта расад. Беҳуда нагуфтаанд: чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад, ё хоки гўр. Модом ки қаноат надоштед, акнун ҳаққи ҳалолатон – хоки гўр интизор шуморо!
– Худашон, – мисли қаланфур сурх шудаву забонаш гирифта, базўр гуфт Ҳалимбой, – бадавлат буданд...
– Ман ҳоло ҳам бадавлатам! – чашмонаш барқ пошида, ногаҳон дод зад Усмон Азиз. – Аммо дар ҳаққи даҳмарда ё хизматгорам ҳеҷ вақт ранги шумо зулм накардаам! Ман давлатамро асосан аз падар мерос гирифтам, падарам аз падараш... Падару бобои ман одамони тақводор буданд. Бештар мағзатро кор фармо мегуфтанд; чунон кор фармо, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад мегуфтанд. Бинобар ин ман ҳатто саги дари хонаамро сахттар тур намегуфтам, ки мабодо ягон рўз аз банди поям гирад. Ҳамроҳи чўпонҳоям ба кўҳу камар ё дашту даман рафта, ҳафтаҳо молбонӣ мекардам, ки онҳо худашонро аз ман кам дониста – одамизод ҳар хел, – мабодо дар қасди ҷонам шаванд. Лекин шумо...
бисёри шумо шикаматонро хорида мегаштед. Фаразан ягон хизматгоратон аз дунё гузарад, гўру кафан кардан он тараф истад, ҳатто ба ҷанозааш намерафтед.
– Баъзан мешуд. Лекин ҳоло...
– Ҳоло, ҳоло... Чӣ ҳоло? Ҳоло ҳам тинати шумо ҳамон тинат! Фақат ин ки аз кофирҳо метарсед. Пештар, масалан, ба чўпонатон дар як сол як гўсфанд медода бошед, ҳоло эҳтимол ду гўсфанд диҳед.
– Дуруст мегўянд ҷанобашон, ду гўсфанд...
– Сабаб?
– Ҳукумат фармудааст. Ду гўсфанд медиҳаму боз розӣ нестанд.
– Дидед? Рафту дар бало гирифтор кунанд гуфта, аз тарси ҷонатон медиҳед. Аз раҳму шафқат не, аз рўи имону инсоф ҳам не. Чунки шумо имонатонро кайҳо фурўхтаед. Ба пул, ба мол, ба чор бузу гўсфанди рихин... Барои ҳамин дар ватан беватан шудед имрўз, бедину диёнат шудед, беору номус шудед.

пешина
аз 551
навбатӣ