МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Модоме «биёӣ ҳам, аз дар даромадан намемонам», – гуфт, пас намемонад. Ғайр аз ин усто Қамчин бе гумон Хадичаро ҳурмат мекард, ҳатто дўст медошт. Ва хоҳнохоҳ мекўшид, ки хотири ў ҳаргиз наранҷад, ихтиёраш дар дасту дили худаш бошад.
Баъд мўҳлаташ расида, як рўзи баҳорон Хадича фарзанд ёфт. Сиҳат-саломат фарзанд ёфту ба чӣ таънаву маломатҳое ки монд! Ба мардуми наммом ва ғайбатчӣ худо дода буд.
Соли дароз фаразу тахмин мерафт, ки кўдак аз кист, Хадича ба кӣ метавонист пинҳон вохўрад...
Баъзан усто Қамчин аз чунин гапу калочаҳо дарғазаб шуда, мехост ба ҳар забондароз фаҳмонад, ки «бача аз ман аст. Даҳони бефаровезатро боз як бор кушоӣ, сиву ду дандони бадбўятро ба ҳалқат мефиристам». Аммо вай, дигар тобу тоқаташ намонад ҳам, ин ҳақиқатро ҳаргиз ба миён намеовард. Чаро ки Хадича гаштаву баргашта мегуфт: агар ба ман як қатра ҳурмат дорӣ, сир бой надеҳ... Ва ҳарчанд мушкил буд, усто Қамчин дандон ба дандон гузошта, сир бой намедод.
Хадича аз ҳама бадгўиҳо худро дур гирифта, писарашро танҳо калон мекард. Шиквае надошт, баръакс – беҳад хушбахт метофт аз насибаи зиндагӣ. Чунин менамуд, ки ҳеҷ як модари олам ба фарзандаш мисли ў меҳрубон нест.
Наврўз дар пеши назари усто Қамчин тадриҷан ба воя расида, дастёри Хадича мешуд.
Вай гўё дирўз мактабхон буд; гўё дирўз ба аскарӣ рафта омада буд; гўё дирўз мошини калхозро ҳай карда мегашт...
Нияти хона сохтан дошт. Ва агар Карим-бобо, бештар ба айби худаш, дар таки мошини ў ғалтида, аз як пояш ҷудо намешуд, шояд имрўз ба вай, ба усто Қамчин, лаблаби ин ҷўйбори дароз обронӣ ҳам мекард.
Бале, Наврўз ба бисту чор даромад. Лекин то кунун дар деҳа аз бепадарии ў гоҳ-гоҳ гап мебарояд.
«Аз бандаҳои кунҷковат гардам, худо...»
Банохост усто Қамчин пай бурд, ки оби ҷўй аз будаш кам мешавад.
«Ягон беимон баста гирифт, чӣ?..»
Вай пои дарднокашро кашола карда, аз обраҳаи ноҳамвор ба ҷониби Кўшкак метохт ва нафас дар гулўяш гиреҳ баста, аламовар медид, ки чӣ тавр об торафт гум мегардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо