МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ин хел бошад, ягон илоҷ...
– Не, Қамчин, ман чора намеҷўям.
– Азоб мекашӣ.
– Бигузор сангсор кунанд, лекин мезоям.
– Гапи бисёр мешавад.
– Шавад… Сездаҳ сол боз дар орзуи фарзанд будам!
– Гиря накун, Хадича.
– Ин гиря не...
– Пас чӣ?
– Шодӣ мекунам, Қамчин...
– Ман боз меоям.
– Не, дигар набиё. Зинҳор… Дониста мон, ки биёӣ ҳам, аз
дар даромадан намемонам. Ман, охир, қариб ҳар рўз ба занат рўбарў мешавам...
8 Усто Қамчин аз Тобазор бармегашт. Вай имрўз бори сеюм ба он ҷо рафта меомад. Ва ҳоло дар обраҳа қадам монда, беихтиёр ҳис мекард, ки мадораш канда, хаставу лакот шудааст. Болои сўхта намакоб, банди пои чапаш зириқ-зириқ дард дорад. Ин ҷароҳати ҳарина, ки аз ҷанг мерос оварда буд, пеш чандон азоб намедод ва ў ҳар қадар хоҳад, бемалол масофа мепаймуд. Вале аз чӣ бошад, ки чор-панҷ сол боз, рафту афзун раҳ гардад, ҷои захмаш ногаҳон дар сўхтан омада, ба ҳамин як-ду рўз сар намедиҳад.
«Хайр, ҳеҷ қисса не, мегузарад...»
Пояш дард кунад ҳам, нағз, ки дар қитъаи вобаста ба ў то алҳол ягон кас чизе надуздидааст. Шояд дар бади мардум зад кашокаши беҳуда… Боз ин ки боғи худаш ҳам бе изтироб об хўрдагист. Хулоса, агарчи саҳар вай ба ҳар гуна ташвиш тайёр шуда, ихчам обронӣ баромад, имрўз серташвиш набуд кораш. Бегоҳ хона рафта, дар ҳалқаи аҳли оила ду-се пиёла чои талх нўшад, хастагӣ низ ҳатман бартараф мегардад. Дарди пояш ҳам, иншооллоҳ, амон медиҳад…
«Хадича боғашро аз об бароварда бошад? Ҳоло дар бараш агар Наврўз мебуд...»
Усто Қамчин баъд аз он шаби сард ва боронии тирамоҳ ба Хадича дигар қаробат наҷуст. Вай хуб медонист, ки қавли ў қатъист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо