МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Қамчин ба хона даромад. Хадича шитобон бархост ва як дам чеҳраи ўро ба нигоҳи гарми худ навозиш кард... Вай боз ҳамон Хадичаи бамеҳр буд.
Аммо пас аз соате ба забон овард:
– Дигар набиё, Қамчин.
– Барои чӣ?
– Гуфтам-ку: занат ҳаст.
– Тобистон ҳам зан доштам. Медонистӣ...
– Вай он вақт дар пешат набуд.
– Ман ба ту дил бастаам, Хадича. Туро бинам… ё ба ёдам расӣ, сару нўкам гум мешавад.
– Ман ҳам... Лекин набиё.
– Ин осон не.
– Худатро маҷбур кун.
– Наметавонам…
– Метавонӣ!
– Ту ба ман нагуфтӣ, ки аз чӣ сабаб, ба кадом алам ду-се моҳ боз хафа мегардӣ.
– Ман хафа нестам, Қамчин, баръакс...
– Яъне чӣ?..
– Яъне бисёр хурсандам; оқибат хурсандам, ки мани сарсахт ҳам зан будаам.
– Ин гапат чӣ маънӣ дорад?
– …
– Хадича!
– Наход нафаҳмӣ?
– Охир…
– Поям вазнин.
– Чӣ?!
– Рост, Қамчин, ман ҳомила.
– Аҷаб!
– Метарсӣ?
– Ба ҳар ҳол…
– Натарс.
– Аммо…
– Чӣ аммо?
– Мардум фаҳманд…
– Мардум?.. Ман ҳам мардум гуфта, ғам мехўрам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо