МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
«Ноинсофҳо...»
Ҳангоме усто Камчин дар зери арақ монда, ба Кўшкак расид, чашмаш ба Тоҳир афтид, ки як-як қадам партофта, рўбарў меомад. Вай хурсанд буд, хотирҷамъ менамуд.
Усто Қамчин, ки ҳалқаш аз ғояти ҷаҳд месўхт, дар ҳайрат таваққуф кард.
– Ин ҷо истодаед? – гуфт Тоҳир, яқин давидани ўро надида.
– Об намонд-ку...
– Офтоб дар куҷо – дурусттар нигоҳ кунед, ака.. Рўз бегоҳ шуд, – бел дар сари китф, хандид Тоҳир. – Обамонро акнун ба работиҳо додем... Навбаташон.
Усто Қамчин ҳам хандид, албатта нахуст ба ҳоли худаш хандид. «Мироб, охир, саҳарӣ гуфта буд-ку: гашти рўз навбати работиҳо...»
9 Вай ба ҳар ҷўя ток зеҳн монда, боғро чарх зада омаду мамнун ба занаш нигарист.
– Офарин, кампир! Табъи дил об хўрдааст.
– Секаса ҷон коҳондем, – гуфт ў, духтаронашро, ки яке суфа мерўфту дигаре ба таки дег алав мемонд, хушнуд дар назар дошта.
– Нағз об хўрда бошад, иншооллоҳ, ангураш ҳам нағз мешавад, – овоз баровард модари усто Қамчин, ки солҳои охир дарди пирӣ мекашид ва дар ин бегоҳирўз ба болиште такя карда, дар тахтакати саҳни ҳавлӣ менишаст.
Усто Қамчин каме лангида, сўи кат рафт.
– Боз дарди поятон гирифт? – пурсид аз қафо занаш.
– Эътибор надеҳ, – даст афшонд ў ва оҳиста ба лаби кўрпача нишаст.
– Монда шудӣ? – гуфт модараш.
– Чандон не, – мулоим ҷавоб дод вай. – Худатон бардам?
– Ман ана… шиштаам. Устухонам имрўз сабуктар.
– Дилатон ягон чиз меҷўяд?
– Ту таҳтан сода, писарам. Дилам ҳар чӣ ҷўяд, беибо мепурсам. Келин ҳаст, набераҳо ҳастанд... Худат медонӣ, ки инҳо, илоҳӣ давлати пирӣ бинанд, куҷо мешинеду чӣ мехўред гуфта, шабу рўз дар хизмат...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо