МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Аввал гир. Баъд ана... намерасад.
– Хайр, – хандид Қамчин ва боз се дона себ гирифта, миннатдор ба киса андохту ҳамроҳи Хадича, борхалта дар китф, мамнун кўча баромад.
Вай дар Такоб, дар хонаи фақиронаи хоҳараш – Гуландом низ, шавҳараш дар ҷанг ҳалок гардида, мисли модари худ бева монда буд – қариб се сол истиқомат кард. Дар ин муддат аз ҳамон деҳа хонадор шуд. Хоҳараш ба вай ниҳоят меҳрубон буд. Онҳо якҷоя ба кори калхоз мебаромаданд ва бад ё нек... дар ҳар сурат қатори мардум рўз мегузаронданд.
Зиндагӣ торафт ба як маҷрои созгор медаромад, лекин захми ҷанг фаромўш намешуд. Вай қариб дар ҳар хонадон ба забони ҳол омада, гўё нолаҳо мекард, ки маро ба фаромўшӣ додан осон нест, ман дар дилу дидаи шумо солҳо бемори ниммурда хоҳам монд. Дар ҳақиқат асари он ҷанги беназир ҳоло ҳам аз байн нарафтааст. Аз байн нарафтаасту дунё боз ин қадар ноором...
Қамчин аз нахустин рўзҳое ки ба зодгоҳи худ баргашт, мехост ҳар чи зудтар волидаашро ба ҳавлии падарӣ кўчонда барад ва то метавонад, он манзили акнун меросро обод кунад. Вале модар розӣ намешуд. «Хоҳаратро танҳо партофта рафтан нағз не, – мегуфт ў. – Ҳавлиамон намегурезад. Ҳоло дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда истем. Ба он тарафаш худо подшоҳ, кўчидан лозим бошад, ягон рўз мекўчем...» Ва Қамчин, агарчи ботинан аз фикраш намегашт, маҷбур мешуд гардан фурорад. Чунки медонист: танҳоии Гуландом барои модараш як баҳона. Дар асл вай худаш нияти кўчидан надорад – дар он ҳавлӣ, ки аз соҳиби сараш хотироти зиёде мондааст, зиндагӣ кардан мушкил. Бинобар ин пас аз хабари марги шавҳар тобу тавонаш рафта, дар хонаи Гуландом ором мегирад.
Хулоса, то дарди дилаш ниҳоят фурў нашинад, ў аз дарвозаи он ҳавлӣ сар халондан намехоҳад.
Дар умеди волидааш имрўз набошад, фардо ба кўч бастан розӣ мешавад, Қамчин наздики се сол интизорӣ кашид.
Оқибат, фақат баъде ки сари ўро ҷуфт карданд, модар рухсат дод. Ва Қамчин охирҳои баҳор:
– Аввал, оча, дару девори хонаро ба тартиб овардан лозим, – гуфта, ҷогаҳ-пўстакашро бардошта, танҳо худаш ба он манзили аз овони кўдакӣ азиз омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо