Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар остинаш чанд дона себи сурх дошт.
– Болои бом баромада, себ мекандам, ки ту... танҳо нишастаӣ. Тохта омадам... Камтар себ овардам.
Қамчин бархост. Вай ҳоло ҳам парешон буд, ҳайрон буд.
Хадича, ки якзайл ва покиза табассум менамуд, остинашро ба ў наздик овард.
– Себ...
– Чӣ гап? – гуфт базўр Қамчин. – Барои чӣ ин гуна... Чӣ шуд ба модарам?
– Ҳеҷ... Он кас ду сол боз дар Такоб, ба хоҳарат, – гуфт фавран Хадича, ки хотири ўро ҷамъ кардан мехост.
– Баъзан мактуб мегирифтам. Аз номашон… Лекин дар ин бора асло хабар надоштам.
– Шояд парешон нашавад гуфта...
– Мумкин...
– Ҳавлиро бекас дида, ба ягон гумони бад рафтӣ?
– Ҳа-а, нағз, ки омадӣ, Хадича...
– Гуфтам пакар менамоӣ... Модарат сиҳат-саломат. Беҷо зиқ шудӣ... Себ гир.
– Аҳволи худат чӣ хел? – Вай аз остини ў як дона себ гирифт, – Акрам чӣ? Дарс дода гаштааст?
– Акрам?.. – ба абрувони пайванди Хадича гиреҳ афтид.
Пас зуд: – Бад не, – гуфт ў ва чеҳрааш мисли аввала боз кушода шуд, дар лабонаш боз табассум гул кард. – Себ гир.
– Ташаккур, ҳаминаш кифоя.
– Гир, охир, то Такоб меравӣ, ки эҳа-а... Ширин-ширин хўрда меравӣ.
– Ту зебо шудаӣ, Хадича. Бисёр зебо…
– Пеш чӣ, дигар будам?
– Пеш ҳам… – забон хоид Қамчин. – Воқиан, хабари хуш расондӣ. Аз ҳоли модарам…
– Ман ўро аз бачагӣ дўст медорам, – гуфт ҷиддӣ Хадича.
– Ту дили соф дорӣ.
– Аз куҷо медонӣ?
– Аз зуд омаданат. Аз себ оварданат.
– О намегирӣ…
– Илоҳӣ ба ин ҳусни дилситонат чашм нарасад!

пешина
аз 551
навбатӣ