МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва усто Қамчин саросема нашуда, яксон масофа мепаймуду дар пеши назараш ҳамон соате таҷассум мегардид, ки борхалта дар китф, пас аз чор моҳи ба охир расидани ҷанг – қисми онҳоро муддате дар Берлин нигоҳ доштанд... – ниҳоят ба зодгоҳи худ қадам монда, ҳавлии падарро бекасу валангор дарёфт.
6 ...Офтоб ғуруб мекард. Аз дару девори кулбаи нимфатарот ва холӣ ба тахтапушти ў як нафаси бисёр хунук мерасид.
Ангор вай кулба не, балки яхдон буд. Саҳни ҳавлӣ пур аз аҷириқ, хори кабуд ва алафи хушк...
Қамчин дар лаби суфаи заҳ, ки эҳтимол як-ду сол инҷониб ҷорўб надидааст, сарашро ба кафи даст гирифта, ҳайрон менишаст. Ва дар ин ҳолат бандаи кулфатгазида ва бағоят музтарро мемонд. Куҷост модараш? Наход...
Вай ба худ гуфта наметавонист, ки наход аз волидаи меҳрубонаш ҳам ҷудо шуда бошад? Вай аз тасдиқи ин фикри ногаҳон сахт метарсид... Пас ў куҷост? Чаро ҳавлии онҳо ин қадар бенигоҳубин? Барои чӣ кулбаи як вақтҳо гарми онҳо ин қадар сард?
Атроф хомўш, дар банди сукут... Дар қайди хомўшии чунон вазнину ногувор, ки гўшҳои Қамчин ҷарангос мезаданд, дилаш такурў мешуд.
Дар ин сукунати сангин, ки хомўшиҳои наҳси пеш аз набардро ба хотир меовард, хаёлаш ба саду як кўю барзан рафта, вай хеле нишаст. Сипас нохост шарфаи пойро шунид ва ба умеде ки ниҳоят модарашро мебинад, зуд ва дар ҳаяҷон сар аз кафи даст бардошт.
– Хадича?!
Қурси офтоб пинҳон шуда буд. Лекин як қисмати осмони фарқи кўҳ лолагун метофт.
– Қамчин!..
Дар саҳни ҳавлӣ тадриҷан сояи тунуки бегоҳирўз паҳн мегардид. Ва Қамчин ҳамин замон ё баъдтар фаро расидани шабро қариб ҷисман эҳсос намуда, ба чеҳраи бисёр зебо, вале андак коҳидаи Хадича менигарист, ки ба вай рўбарў истода, чашмони бодомаш тоза, хушҳол табассум мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо