МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ҳавлӣ вайрона буд. Вай дид, ки ба шикастурехт кор буд намешавад. Аз ин рў миёнашро маҳкам баста, аҳд кард пеш аз ҳама кулбаи ҳоло харобро ғалтонда, дар ҷояш, хурдтар бошад ҳам, хонаи нав месозад; ба дасту бозуи худаш месозад. Синнаш ба сӣ дакка мехўраду наход як сарпаноҳи муносиб сохта натавонад!
Қамчин ба ҳамин ният дар кунҷи ҳавлӣ қўш партофт.
Вай ҳар рўз баробари субҳ бедор шуда, лой мехобонд ва қатори мардум ба кори калхоз рафта, ҳангоми офтобшинам бармегашту лои саҳар шўридаашро зуд аз лойхона бароварда, камтар дам медод. Пас шикамашро сер карда – хоҳари Қамчин ё занаш ҳар пагоҳ, вақте ки ба меҳнати заминҳои калхоз меомаданд, барои вай хўрданӣ меоварданд, – дар зери маҳтоб ва агар маҳтоб набошад, дар равшании фонус то як поси шаб хишт мерехт. Ҳаваси хона сохтан дар дили ў сахт ҷой гирифта буд. Бинобар ин Қамчин чӣ қадар кор кунад, ҳамон қадар рўҳаш болида, монда шуданро намедонист.
Як бегоҳ, ҳини гавгум, лойро аз лойхона бароварда ва қолаби хиштрезиро ба кўлоб партофта, нав дар тараддуди чой нўшидан буд, ки суробе аз рахнаи девор гузашта, ба сўи вай раҳ кашид.
«Кӣ бошад?»
Даме ки суроб наздиктар омад, Қамчин ўро шинохта, ба пешвозаш қадам андохт.
– Хадича?!
– Ман…
– Салом…
– Камтар дами гарм овардам.
Вай косаи дасташро ба рўи шолча гузошт.
– Чӣ лозим буд?!
– Ту ҳеҷ гумон надоштӣ, ки дар ин бемаҳал хўрок бардошта мегардам...
– Рост, Хадича, ҳатто дар гўшаи хаёлам набуд, – гуворо хандид Қамчин.
Онҳо рўбарў меистоданд. Дар байнашон камобеш як газ фосила буд. Сари синаи Хадича, ки рост ба чашмони Қамчин менигарист, дар зери куртаи чит пасту баланд мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо